. “Чашмаи зулол” дар китобхонаи ЭКО
“Чашмаи зулол” дар китобхонаи ЭКО

“Чашмаи зулол” дар китобхонаи ЭКО

Муассисаи фарҳангии ЭКО барои китобхонаи ин ниҳоди байналмилалӣ 100 адад аз китоби “Чашмаи зулол”,навиштаи Аъзам Хуҷаста,шоири тоҷикро,ки чанде пеш бо ду хати форсӣ ва сириллики тоҷикӣ дар Машҳад чоп шуд,харидорӣ намуд.Оқои Аюбӣ,Раиси Муассисаи фаaрҳангии ЭКО дар тавҷеҳи ин иқдом гуфт :вазифа ва рисолати Муассиса ҳимоят ва кумак ба истеъдодҳои ҷавону халлоқ аст ва бо таваҷҷуҳ ба инки Аъзам Хуҷаста сабки наверо дар адабиёти форсӣ бунён ниҳод ва мавҷи тозаеро дар миёни аҳолии адаб ба вуҷуд овард,лозим донистем аз ин китоб харидорӣ намуда ва миқдоре аз онро дар Китобкадаи Муассиса ва миқдореро низ ба дӯстони адабпарвар эҳдо намоем.

Гуфтанист “Чашмаи зулол”,сеюмин маҷмуаи ашъори Аъзам Хуҷаста,шоир ва таҳлилгари тоҷик аст ва дар ин китоб ашъори дар сабки зулол сурудаи ӯ омадаанд. «Зулол» шеърест, ки бо тули вазни зина ба зина, ки ба таври мусовӣ аз кам шуруъ шуда ва дар кам низ ба итмом мерасад. Ин навъи шеър дорои 5 то 11 сатр мебошад. Аз лиҳози вазн ба тулонитарин сатр, ки сатри миёна ё қалби шеър мебошад, «сатри модар» ва сатрҳои атрофи онро «сатрҳои қарина» мегуянд. Зулол дорои ду навъ (аруз ва озод) мебошад, ки ҳар кадом барои худ усул ва таърифҳои хоссае доранд.

Вазни мусиқиёии зулол бо маълум шудани теъдоди зарб-оҳанги сатри аввал ва ё кашфи ритми сатри модар ба даст меояд.

Share this: Like this:

МАВЛОНО ҲУНАРМАНДТAРИН ШОИР

(Корбурди анвои тамсил ва ирсои масал дар ғазалиёти Мавлоно)

Дар қатори муҳақиққони варзидаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мавлавишиносони маъруфи эронӣ Бадеузаммони Фурузонфар, Зарринкӯб, муҳаққиқи шинохтаи турк Абдулбоқии Гулпинорлӣ, донишманди бузурги олмони Аннемария Шимел, нависандагони амрикоӣ Франклин Луис, Колман Баркс, адабиётшиносони муосири мо низ дар шинохт ва таҳқиққи осори Мавлоно пажӯҳишҳои густурда анҷом додаанд ва дар ин самти илмӣ пажӯҳишҳо ҳанӯзам идома дорад. Чуночи адабиётшиносон Расул Ҳодизода, Абдулманнони Насриддин, Сафар Абдулло, Алии Муҳаммади Хуросонӣ, Тоҷибой Султонӣ аз муҳаққиқони муосиранд, ки ба Мавлоно зиёд таваҷҷӯҳ кардаанд. Пажӯҳиши эшон дар заминаҳои гуногуни осори мондагори Мавлоно сурат гирифта, ба ҷанбаи мухталифи ашъораш, минҷумла воситаҳои тасвирсози шеър таваҷҷӯҳ кадаанд.

Мусаллам аст, ки санъатҳои бадеӣ аз муҳимтарин воситаҳои тасвирсоз дар шеър аст, зеро ҳунари шоир дар маҳорати тасвиргарӣ ҳувайдо мешавад ва ҷозибаи шеър новобаста аз он, ки дар кадом қолаби шеърӣ гуфта мешавад, дар тозагии тасвир ва эҳсос қобили таваҷҷӯҳ аст.

Донишварони клласик чун Шамси Қайси Розӣ, Унсуралмаолии Кайковус, Рашиди Ватвот, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ ва кулли муҳаққиқони муосир низ ҳузури санъати бадеиро манфиат ва асолати шеър муаррифӣкардаанд. То имрӯз аз ҷониби пажӯҳишгарон мушаххас шудааст, ки ду навъ- санъатҳои бадеии лафзӣ ва маънавиро аз ҳам фарқ мекунанд. Омӯзиши аҳли назар низ дар заминаи ҳамин ду навъи санъати бадеӣ сурат гирифтааст.

Тасвирро шоир дар аксар маврид ба василаи истифодаи ҳунармандона аз санъати бадеӣ ҷолиб месозад, ки мероси гаронвазну боарзиши адбиёти клоссикии мо ва нигоштаҳои ҳунармандони муосир далели раднопазир бар ин андеша ва хулосаҳост.

Дар ғазалҳову Маснавии Мавлоно низ ҷанбаи ҳунарии сурудаҳояшро истифодаи фаровону ҳунармандона аз саноеии бадеӣ таъмин намудааст. Роҷеъ ба ин вижагиҳои ҳунарии абёти Мавлоно теъдоди зиёде аз муҳиққиқон ибрози назар кардаанд. (Қаҳрамони Сулаймонӣ, Нуралӣ Нурзод, Тоҷибой Султонӣ, А.Ҳасанов, Мавҷуда Урунова, Шоира Пӯлотова).

Дар мавриди ҷозибаҳои ҳунарии шеъри ӯ ва маҳорати шоирии Мавлоно таҳиққиқоти комилу ҷолиб сурат гирифтааст ва омӯзиши аҳли таҳиқиқ дар ин росто ҳанӯзам идома дорад, зеро осори Мавлоно укёнуси бекарону бепаҳноест, ки саршор аз гавхару садафҳои маънист.

Дар заминаи омӯзиши мақолоту таҳқиқоти илмии муҳаққиқони номбурда ва омӯзиши бевоситаи осори гаронвазни Мавлоно, ба вижа куллиёни ғазалиёт «Девони кабир» мо низ ба хулоса расидем, ки вақеан, Мавлоно дар истифодаи санъатҳои бадеӣ ҳунар ва истеъдоди фавқуллода дорад.

Ба назари мо, дар осори ӯ тамоми навъи санъое бадеии ҳузури фаъол доранд. Дар ин баробар мушоҳида шуд, ки Мавлоно аз санъати такрор, талмеҳ, таҷнис ва тамсил барои офариниши тасвирҳои мондагораш зиёд истифода кардааст. Пуркорбурдтарин нави санъат дар ғазалиёти «Девони кабир» санъати такрор ва талмеҳ аст:

Талмеҳ – Дар адабиёти бадеӣ ишора кардан ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ қиссаву афсонаҳо ва ба ягон шеъри маъруфи саромадони сухан (2,107) аст:

Ай фитнаи Руму Ҳабаш, ҳайрон шудам ч-ин бӯйи х(в)аш

Пироҳани Юсуф бувад ё худ ридои Муставо?! (8,32)

Ин абр чун Яъқуби ман в-он гул чу Юсуф дар чаман,

Бишкуфта рӯи Юсуфон аз ашки афшорони мо!(8,35)

Аҷоиб Юсуфӣ чун мАҳ, ки акси ӯст дар сад чаҳ,

Аз ӯ афтода Яъкубон ба дому чоҳи миллатҳо. (8,43)

Такрор (Такрир)- мусиқии каломро ба вуҷуд меорад ва ё афзун мекунад, такрор аст- такрори ҳиҷо, вожа, иборот ё ҷумла ё мисра (4,60):

Хоча биё, хоҷа биё, хоҷа дигарбор биё,

Дафъ мадеҳ, дафъ мадеҳ, эй маҳи айёр биё!

Чӣ гармем, чӣ гармем аз ин ишқ чу хуршед,

Чӣ пинҳону чӣ пинҳону, чӣ пайдост худоё.(8,52)

Аммо дар ин мақолаи кӯчак мехоҳем роҷеъ ба санъати ирсолу масъал ё тамсил ва истифодаи ҳунармандонаи он дар ғазалҳои Мавлоно, ки таваҷҷӯҳи моро бештар ба худ ҷалб кард, чанд сухани шогирдона гуфта бошем.

Санъати ирсоли масъал ё тамсил –шоир барои тақвияти даъвои худ баъзан аз зиндагии иҷтимоӣ, аз таҷриба ва амалиёти ҳаёти шахсӣ мисоле мегирад. Ҳамин мисол овардани шоир ирсоли масал ё тамсил номида мешавад. (2,110-111)

Муҳаққиқ Ғуломризои Ҳотифӣ тамсилро бадин гуна шарҳ медиҳад «Тамсил дар луғат ба маьнои масал овардан, ташбеҳ кардани чизе ба чизи дигар. Вақте гӯяндае барои мақсуди худ матлаби ҳакимонае ба кор барад, ки иддаои ӯро исбот кунад ӯ аз тамсил баҳра меҷӯяд. : Мисол ” Олими беамал ба занбури беасал монанд”

Сирус Шамисо бошад, қайд кардааст, ки «тамсил ҳам ҳосили як иртиботи дугонае байни мушобеҳ ва мушобаба аст. Дар тамисл ҳам асл бар ин аст, ки фақат мушобаба (ки ҷумлаву каломи тӯлоние ва масалан ҳикояте аст на калима) зикр шавад ва аз он мутаваҷҷеҳи мушобеҳ шавем».

Бино ба хулосаҳои Ғуломризои Ҳотифӣ ваҷҳи шабоҳати тамсил ва ташбеҳ дар он аст, ки ҳар ду байни ду чиз муқоисавӣ ва шабоҳат сурат мегирад.( 9)

Зимнан бояд гуфт, ки ташбеҳ ин шабоҳати тахаюлӣ аст, аммо дар тамсил ин муқоиса бар асоси истидлоли (далел, бурҳон) хаёлӣ аз ҷониби гӯянда сурат мегирад.

Сабукмагзе, ки аз асбоби чахон бар хеш мебозад,

Чу ҳаммолест к-аз бори гарон бар хеш меболад (Соиб)

Дар назари аввал мисраи дувуми ин байт санъати ташбеҳро ба зеҳн наздик мекунад, аммо дар ин мисраъ шоир аз санъати тамсил корбурди ҳунармандона кардааст ва барои далели андешаҳои хеш таҷрибаи иҷтимоиро, ки байни мардум маъруф шудааст ба назм меорад ва мегӯяд //Чу ҳаммолест к-аз бори гарон бар хеш меболад// равшан аст, ки Соиб мисраи дувуми ин байтро ба хотири тақвияти мисраи аввал овардааст.

Ғуломризои Ҳотифӣ бар акси андешаҳои Турақул Зеҳнӣ иртиботи тамсил ва ирсолу масал маҳалли баҳс ва мавриди ихтилоф медонад.

Шамси Қайси Розӣ дар «Алмуачам» тамсилро аз шохаи истиора донистааст.

Аммо метавон гуфт, ирсоли масал ё тамсил як саньати бадеӣ аст ва аз ташбеҳу истиора ҷудост. Ин андеша аз ҷониби паӯҳишгарони варзидаи каломи бадеъ Сирус Шамисо, Ғуломризои Ҳотифӣ. Турақул Зеҳнӣ ва бисёр дигарон тасдиқи хешро пайдо кардааст.

Ирсоли масал ва тамсил аз ҷумлаи санъатҳое шеърие ба шумор меояд, ки дар осори адибони классикии форсу тоҷик бо касрати истифода имтиёз дорад.

Дар эҷоди шеър шоирони муосир низ аз масалу мақолҳо зиёд, гоҳе айнан ва гоҳе мазмунан истифода мекарданд, ки ин амал дар баробари вусъати ҷанбаи ҳунарии шеър бар муассирии мӯҳтаво бетаъсир набудааст.

Корбурди ҳунармандонаи анвои тамсил ва ирсоли масал аз ҷониби Мавлонои кабир, ки, бешак, ҳунар ва истеъдои шоириаш мунфсир ба фард аст, шоиста ба таваҷҷӯҳ, омӯзиш ва таҳсин аст.

Дар Маснавӣ ҳама намуди тамсил фаровон ба чашм мерасад. Зимнан бояд кайд намуд, ки қиссаҳои тамсилиро муҳаққиқон ба ду қисамт бахш кардаанд.Тамсилҳои инсонӣ ва тамсилҳои ҳайвонӣ. Қиссаҳое, ки аз забони ҳайвонот гуфта мешаванд, тамсилҳои ҳайвонӣ ҳастанд, «Мантиқ ут тайр»-и Аттор шӯҳратмандтарин намунаи ин санъати бадеӣ мебошад.

Дар Маснавии маънавии хеш Мавлоно аз услуби ҳикоя андар ҳикоя истифода кардааст. Мушоҳида мешавад, ки шоир барои тақвияти маънии як байт ҳикоятеро нақл мекунад ва ба риштаи тасвир мекашад ва гоҳе ҳам дар дохили ин ҳикоят ҳикояти дигаре меорад, зеботарин ва чолибтарин намунаҳои тамсилро метавон дар шаш дафтари Маснавӣ пайдо кард.

Муҳаққиқи варзидаи эронӣ, устод Дастғайб низ ба вижагии корбурди тамсил дар ашъори Мавлоно ишора дорад ва мефармояд « Яке аз вижагиҳои шеъри Мавлоно тамсил аст, ки ба сурати ҳикояҳои мухталиф дар Маснавӣ дида мешаванд». Рости Мавлоно ба василаи тамсил бисёр маҳфумҳои ахлоқиву адабиро ба самъи ҷаҳониён мерасонад.

Пас, бешак, метавон гуфт дар корбурди санъати тамсил ва ирсоли масал Мавлоно аз нафарони пешгом ва ҳунарманди иситисноӣ буд ва ба шеваи фавкулода ин санъатро корбурд кардааст.

Абдулҷаббори Кокоӣ бар ин андеша мӯътақид аст, ки «Мавлоно дар ҳавзаи тамсил истисноитарин шоир ва дар ҳавзаи маориф ва андеша рӯшанфикртарин ориф аст» (9). Кокоӣ бо ишора ба забони ҷаззоби Мавлоно идао дорад, ки «Мавлоно дарёи азиме аст, ки инсон аз ҳар гӯшае, ки ба самти он ҳаракат кунад масоил ва дастуроти боистидол, мантиқ ва тамсил метавонад биёбад.» ( 9 )

Дуруст аст, ки муассирии мӯҳтавои ашъори шоир ба василаи анвои тамсил ва ирсоли масал таъмин ва бозгӯ шудааст. Мавлоно мегӯяд:

Хираву саргаштаву бекор кун

Ин хиради пири ҳамакораро!

Тифли дурӯза чу зи ту бу барад,

Мекашад ӯ сӯи ту гавҳораро.

Тарк кунад дояву сад ширро,

Ай бадали равгану кунҷораро!(8,90)

Дар ин мисраъҳо Мавлоно барои тақвияти фикр ва муассири маъниву тасвири ғазал масали « Тифли дурӯза чу зи ту бу барад, Мекашад ӯ сӯи ту гавҳораро» -ро чун истидлоли хаёлӣ ба риштаи тасвир мекашад. Агар мутаваҷҷеҳ шавем, воқеан, дар зиндагӣ ва таҷрибаи иҷтимоӣ ин масъал вирди забонҳост, ки мегӯянд «мабодо, ки кӯдак бӯи бағал гирад». Фикр мекунем, ҳочат ба шарҳ ва тавзеҳи маънии абёти фавқ нест, зеро шоир хеле соддаву пурмӯҳтаво маъниро ба хонанда мерасонад.

Дар ғазали дигар Мавлоно масали маъмули ва хулосаҳои гузаштагон «ҳар оғозеро анҷомест»-ро баҳри тақвияти баёни андеша меорад ва мегӯяд:

Дилшикаста, ҳин чаройӣ, баршикан

Қалбҳову қалбҳову қалбҳо!

Охир, ай ҷон, аввали ҳар чизро

Мунаҳойӣ, мунтаҳойӣ, мунтаҳо! (8,68)

Дар ин суруда Мавлоно хоста аст то бо баҳарагирӣ аз ибороти мавриди қабули омма, таьсири суханашро дучандон кунад.// Охир, ай ҷон, аввали ҳар чизро, Мунтаҳойӣ, мунтаҳойӣ, мунтаҳо! //

Ин ҳама ҳунару маҳорат аз ҷониби Мавлоно бозгӯи истеъдоди фавкуллодаи ӯст.

Гар ту удӣ, сӯйи ин миҷмар биё,

В-ар бирондӣ зи бом, аз дар биё! (8,69)

Фош шуд он роз, ки дар нимашаб,

Зери забон гуфта будам паст- паст.

Кирм бихӯрад чӯбу бирӯяд зи чӯб

Ишқ зи ман русту маро хаст, хаст.

Мавлоно барои тақвияти андешаҳояш ин ҷо низ аз санаьти тамсил корбурди ҳунармандона кардааст. Мисраи “Кирм бихӯрад чӯбу бирӯяд зи чӯб» ки маънии он аз таҷрибаи ҳазорсолаҳо андӯхтаи инсоният ва масали халқи об мехӯрад барои муассририи байти боло //Фош шуд он роз, ки дар нимашаб, Зери забон гуфта будам паст- паст// хизмат кардааст.

Мани зорам асири нолаи зер,

Напурсад рӯаке, к-он зор чун аст?

Дилам дузди назар, ӯ дузди ин дузд

Аҷаб он дузди дуздафшор чу наст. (8,131)

З-ин қибла ба ёд орӣ, чун рӯба лаҳад орӣ,

Судат накунд ҳасрат, он гаҳ ки қазо омад (8,254)

Ҳамон тур, ки ишора фармудем, Мавлоно дар кулли ашъор ва осораш ва барои тақвият бахшидани маънӣ ва мӯҳтавои онҳо аз саноии бадеӣ корбурди зиёде намдуааст.Дар ин мисраи Мавлоно мусалламан масали маьруф “Пушаймони надорад окибат суд” ба зеҳн мерасад, ки шоир онро барои таьсирнокии каломаш зебову хотирмон ба тасвир мекашд. Мавлоно мегӯяд, ки инсон ҳамвора вақте бо мушкилие ё ба сарҳади марг мерасад он гоҳ рӯ ба суи Худо меорад ва ба илтиҷову зорӣ меафтад, дар ҳоле, ки дигар дер шуд. Мавлоно ҳушдор медиҳад ва мегӯяд // Судат накунд ҳасрат, он гаҳ ки қазо омад//.

Ҳама асбоби ишқ ин ҷо ҳаст,

Лек бе ӯ тараб намешояд!

Модари фитнаҳо, ки май бошад,

Тарабе бе рухаш намезояд! (8,386)

Дар ин мисраъҳо бошад Мавлоно бо истифода аз санъати тамсилро хеле моҳирона мавриди корбурд қарор додааст. Ҳадиси Расули Акрам, фармуда “Шароб модари ҳамаи гуноҳост” (Алхамру уми хабоис) ва ин гуфтаҳо миёни мардум низ маъруф аст. Шоир бо истифода аз ин натиҷагириҳо тасиврро ҷолиб месозад .

Дар зимн бояд таъкид дошт, ки ин ҷо манзур аз май шароби ишқи илоҳист, ки рӯҳу равону андешаи Мавлоноро масту ҷунуномез кардааст. Яьне, Мавлоно МАЙ – ишқ ба Худовандро мояи тарабу шодмонӣ унвон мекунад.

Нуктаи ҷолиби бардошти мо аз ин омузиши кучаку шогирдона ин аст, ки мушоҳида намудем на танҳо Мавлоно аз масал ва қисаву таҷрибаҳои иҷтимоии замон истифода кардааст, балки иддае аз абёти Мавлоно ончунон ба зиндагӣ ва ҷаҳони иҷтимоъ пайванд хурдааст, ки мардум аз он чун масалҳои халқӣ истифода мекунанд.

Зи ҳамроҳон ҷудои маслиҳат нест,

Сафар бе рӯшнои маслиҳат нест.

Чу мулки подшоҳи дида бош,

Пас аз шоҳи гадоӣ маслиҳат нест(8,123)

Дӣ шайх ба чароғ ҳамешгаш гирди шаҳр,

К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст (8,164)

Тадир кунад бандаву тақдир надонад

Тадбир ба тақдири Худованд чӣ монад? (8,169)

Ин байти Мавлоно низ вирди забонҳост:

Дили ман чун садаф бошад, хаёли дӯст дурр пошад

Кунун ман ҳам намгунҷам, к-аз ӯ хона пур бошад. (8, 43)

Пас, бо итминони комил метавон гуфт, Мавлнои кабир аз зумраи шоири номвар аст, ки қарнҳо дилбохтагони шеъру суханро шефтаву шайдои каломи сеҳрогини хеш месозад ва дар ин росто ҳунари шоирӣ ва андешаҳои хирадмандонааш муқаддаму муқаддастарин ҷанбаи маъруфияти шоир аст.

Воқеан, Мавлоно аз бузургтарин шоирони клоссики мост, ки ба шевае ҳунармандона афкору ақоиду андешаҳояшро дар тамоми қолабҳо ва саноии бадеь ғунҷоиш додаст.Ва дар хеч колабе ё шевае махдуд нашудааст. Ин аст, каломаш то ҷовидона пойдор хоҳад буд.

1. Абдулманнони Насриддин. Бо корвони нур.-Хуҷанд: «Ганҷи сухан».-138 саҳ.

2. Зеҳнӣ Т. Санъати Сухан. Илми бадеъ ва мухтасари арӯз.-Душанбе: «Ирфон»,1978.-328 саҳ.

4. Сирус Шамисо. Нигоҳи тоза ба бадеъ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1370.-362 с.

5. Сирус Шамисо. Баён ва маънӣ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс,1383.-254 саҳ.

6. Точибой Султонӣ. Калъаи Ҳушрабо.-Хуҷанд: Ношир,2011.144 саҳ.

7. Фурузонфар Б. Мавлоно Чалолиддини Балхӣ. Девони Қулиёти Шамси Табрезӣ.-Теҳрон: Нашриёти Сипеҳр, 1363.-1570 саҳ.

8. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб.-Душанбе: Адиб, 2007.-856 саҳ.

Фирдавси Аъзам (ХӯҶАЕВ)

Share this: Like this:

«ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН» БЕҲТАРИН БЛОГИ ТОҶИКӢ ДАР ШАБАКАИ ҶАҲОНИИ ИНТЕРНЕТ

Тибқи пажӯҳишҳои ахири «Яндекс» дар шабакаи ҷаҳонии Интернет бештар аз як миллион блог мавҷуд аст, ки бо ҳуруфи кириллӣ эҷод шудаанд. Аксари блогнависон ба ҳайси платформа барои ба роҳ мондани минбари интернетии хеш хадамоти WordPress-ро интихоб кардаанд.

Дар ин хадамот дар ҳоли ҳозир беш аз чорсад ҳазор блог ба қайд гирифта шудааст. Аз он ҷумла қариб аксари муштариёни Тоҷикистон, ба хусус адибону журналистон, ҳунармандони синамову овозхонҳо, сиёсатмадарон дар ташкили блогҳои хеш аз ҳамин хадамот истифода кардаанд. Дастандаркорони ин хадамот ҳаммарӯза бо истифода аз меъёрҳои мухталиф 100 блоги беҳтарини дар WordPress ба қайд гирифташударо муайян месозанд (http://botd.wordpress.com/?lang=ru). Ин сабқат (рейтинг) новобаста аз хоҳиши блоггерҳо ҳамарӯза сурат мегирад.

Тибқи мушоҳидаҳо, ки дар зарфи як моҳи ахир анҷом гирифтаанд, блоги «Таронаҳои беҳтарин» (http://tajmusic.wordpress.com) ҳамеша дар қатори 25 блоги аввали ин рейтинг қарор дорад. Ин блог дар баъзе рӯзҳо мушарраф ба гирифтани ҷои даҳум низ шудааст. Вале боре нашудааст, ки поёнтар аз ҷои 25-ум мавқеъ гирифта бошад. Блоги мазкур ба Ҷаҳонгири Султон, хабарнигори сомонаи мустақили ҷамъитиву сиёсии «Рӯзгор» (www.ruzgor.tj) мансуб буда он асосан дар бораи овозхонҳои муосири тоҷик ҳикоят мекунад.

Дар ҷумлаи 100 блоги беҳтарини WordPress блогҳои олимону нависандагони маъруфи рус, сиёсатмадорони мухолифи давлати Ӯзбекистон, тоҷирони муваффақи фаронсавӣ, журналистони Украину гурҷӣ ва ғайраву ҳоказоро бо ҳуруфоти гуногун мебинем. Бояд гуфт, ки дар ин рейтинг аз блогҳои тоҷикӣ боз як блоги дигар бо номи «Ахтари зулматсӯз» (https://khfirdavs.wordpress.com/) -и журналист Фирдавси Аъзам маъмулан дар ҷойҳои аз 60 то 90-уми рейтинги WordPress ҳамарӯза мавқеъ мегирад.

Мавриди зикр аст, ки блоги «Таронаҳои беҳтарин» дар рейтинги www.toptj.com низ ҳамеша дар қатори 10 сайт ва блогҳои беҳтарини Тоҷикистон мавқеъ дорад.

Share this: Like this:

Нахустин хамоиши байналмилалии “Шеъри химоят” дар Точикистон

Нахустин хамоиши байналмилалии “Шеъри химоят” бо ибтикор ва ташаббуси Кумитаи имдоди имом Хумайни дар шахри бостонии Хучанди Точикистон баргузор шуд.

Чанде кабл дар кохи Рудакии шахри Хучанд бо ибтикор ва саъю эхтимоми Кумитаи Имдоди имом Хумайнии Чумхурии Исломии Ирон дар Точикистон барои нахустин бор дар шахри бостонии Хучанд хамоиши байналмилалии “Шеъри химоят” баргузор гардид. Мавзуи мехварии ин хамоиш баррасии ашъори химоят буд. Дар хамоиши байналмилалии “Шеъри химоят” чехрахо ва шахсиятхои шинохтаи вилоятиву чумхури ва берун аз он ширкат доштанд. Аз чумла муовини раиси вилоят Мавчуда Бобоева, сафири Чумхурии Исломии Ирон дар Точикистон Алиасгари Шеърдуст (бо хамрохии хайъати кори), раиси Кумитаи имдоди Хумайни дар Чумхурии Точикистон Саидчаводи Разави ва хамчунин намояндагони ахли илму адаб, уламо ва удабои мухтараме аз Эрону Афгонистону Киргизистон иштирокдорони ин кунгура буданд.

Шоирони шинохтаи Точикистон Гулрухсор, Фарзона, Доро Начот, Махмадалии Ачами,мухакики шинохтаи кишвар Абдунаби Сатторзода, хунарманд Чурабеки Назри, муаррих ва адиби точик Мирзо Шукурзода, мухаккики чавон Мубашири Акбарзод, намояндаи фархангии сафорати Афгонистон дар Точикистон Шамсулхакки Ориёнфар, раиси китобхонаи Чумхурии Афгонистон ба номи Халилуллох Халили чаноби Мухаммадчафари Ранчбар,широни шинохтаи Эрон чаноби Мустафо Рахмондуст, Шамъи Сузон, намояндагони илму адаби шахри гухаррези Табрези Чумхурии Исломии Ирон, рузноманигор ва адиби шинохта аз шахри Алмаато Насибчон Амони аз мехмонони арчманд ва мухтарами ин хамоиши бошукух буданд. Лозим ба зикр аст, ки чанде кабл аз чониби Кумитаи имдод -озмуни “Шеъри химоят” эълом гардида буд ва дар ин муддат шоирон ва навкаламон бехтарин нигоштахои худро дар робита бо дастгири ва химоят аз ятимону бепарасторон, маъюбону факирон манзури дабирхонаи ин хамоиш карда буданд. Дар ин хамоиш теъдоди зиёде аз шоирон аз чумхури ширкат намуданд. Садорати ин хамоиш бар ухдаи шоираи ширинсухан ва халкии Точикистон хонуми Фарзона буд. Хамоиш бо сухани мукаддимавии эшон огоз гардид. Хонум Фарзона хузури хамаи ширкаткунандахо ва мехмонони мухтарамро дар шахри шайх Камоли Хучанди дар ин шахри покмарзи бостону ростон дуруд гуфт. Саркорхонуми Фарзона бо ишора ба шеъри хомоят гуфт, ки аслан шояд аввалин шеъри химоятро устод Рудаки гуфта бошад вакте мегуяд, ки “Марди набувад фитодаро пойи задан Гар дасти фитодае бигири, марди” Зимнан шоираи хушбаён Фарзона ёдовар шуд, ки “Шеъри химоят шархи баёни рузгору ахволи хаёти афтодагону бекасону ранчурон нест, шеъри химоят манзураш ин аст, ки хамдардиву гамошноии якояки моро иброз созад ва хамчунин илко кунад, нафархои уфтодаву забун залил харгиз аз лутфи Хак ноумед набошанд, балки бо талошу пуёиё чахду харакоти ботини битавонанд зиндагии тоза биофаранд, битавонанд ки ба фардохо дуруд гуянд. Ашъори химоят низ аз ин дидгох мавриди барраси карор гирифт. Дуктур Алиасгари Шеърдуст дар ин хамоиш хамчунин аз бузургии шеъри Фарзона ёд кард ва афзуд, ки имруз шахри Хучанд бо вучуди Фарзона ва бо шеъри у менозад. Хар касе ки аз Хучанд ном мебарад, билофосила номи Фарзона дар зехнаш чилва мекунад. Афзуд, ки ба кавли маъруф баракати умр дар кори неку хайр аст ва бузургтарин лаззатхо, лаззати некист ва бехтарин захираи фардо кори неки имруз аст ва некукор зиндаи човидон аст. Пас чи ниёзе ба ин сармастихои бодаи гуруру худписандию такаббур! Имруз кудакони ятиму бепарасторон ниёзи шадиде ба ишку мухббату химоят доранд ,ки дасти саховату некии кумитаи Имдод хамвора ба сари онхо соягустар аст. Кумитаи имдод ягона ниходест, ки дар Точикистон хамвора чатри мухаббату химояту дастгириро бар сари чунин ниёзмандон мегустуронад ва ба андозае шароитхоро бар онон мухаё мекунад.

Сафири Чумхурии Исломии Ирон дар Точикистон чаноби дуктур Алиасгари Шеърдуст перомуни рисолати шеъри химоят, накшу макоми шеъри химоят маъруза ва суханронии пурмухтаво ва хамзамон шунидани анчом дод. Мавсуф дар суханронии худ дар ин хамоиш яке аз рисолатхои шеърро химояту пуштибонии кишри ниёзманди чомеа унвон кард ва хадафи хамоиши мазкурро мухим арзёби кард. Сафири Чумхурии Исломии Ирон дар Точикистон арзиши адолатро бисёр бузург хонд ва афзуд “Хунарманди вокеи касест, ки дар миёни мардум бошад ва бо онон зиндаги кунад, бо онон мегиряд ва бо онон фарёд мекунад. Алиасгари Шеърдуст такид дошт, ки имруз дар шеър чи гуфтан аз чигуна гуфтан тафовут дорад, ки чи гуна гуфтан худ аз вижагихои рисолати хар шоир аст. Адолат бошад мухимтарин сифати хар инсон аст.”

Шоири хушсалика Озарахш, Гулрухсор,Адиба, Махваш Фарзонаи Зарафшони аз ашъори ба ин хамоиш манзургардидаашон порчахое кироат карданд. Хамчунин Абдунаби Сатторзода адабиётшиноси варзида ва яке аз чехрахои маъруфи кишвар дар робита бо шеъри хомоят чанд порае аз шуарои клоссики точику форс ва муосир ба самъи хозирин кироат намуд ва рисолати адабиётро химоят аз инсону зиндагии у хонд. У афзуд адабиёт дар барои инсон ва барои инсон аст. Химояту пуштибони аз инсон ва парвариши одамият дар инсонро аз асолатхои адабиёт хонд. Чаноби Сатторзода дар чараёни суханронияш аз хамаи шоирон дархост кард то шеъре бисароянд ки аз инсон химоят кунад ва одамиятро дар инсон парвариш дихад.

Бар асоси натоичи нихоии ин ҳамоиши байналмиллалӣ раиси ҳакамон, чои аввалро ба Озарахш лоик донистанд, ҷои дуввум ба Адиба Хуҷандӣ ва Вораста сазовор дониста шуд, ҷои севвуми озмунро шоирони ҷавони вилоят Фирдавси Аъзам ва Маҳваш соҳибӣ карданд. Бо хамин Кумитаи имдод бо эхдои чавоиз ба барандагонаш хамоишро ба поён расонд.

Share this: Like this:

Хаёт Неъмат: “Ошик ба забони порсиям”

Хаёт Неъмати Самарканди шоир, олим, публитсист ва хамчунин мавлонопажухи точик имрузхо мехмони шахри фархангхези Хучанд аст. Ин хушхабарро дусти хубу мехрабонам киёи Мухаммадюсуфи Шоди аз Душанбе бароям расонданд ва бидуни хеч таъхире рафтам ба зиёрати устод. Сухбат бо ин марди оташинсухан хеле гуворо ва вокеан чoилб буд. Аз гуфтугу бо эшон хеле хушхолу шод шудам. Бори нахуст дар сухбати ин фарзона карор доштам, сухбат аз Мавлонову чойгохи у, забони точикиву макоми он дар Самарканд чолиб буд.

Устод бо итминони комил мегуянд, ки “дар Самарканди азизи ман хеч гох машаъли фурузони забони точики хомуш нахохад шуд”. Ба гуфти устод холо дар хонадони хамаи точикони Самарканд лахни дилнишину малакутии забони точики садо медихад, ки хакикатан намунаи боризаш хамин рузномаи “Овози точик аст.” Хаёт Неъмат аз аввалин равшанфикрони точики самаркандист, ки баъд аз фурупошии Иттиходи Шурави дар назди бинои шахрдории Самарканд як хафта гуруснанишини кард. Натичаи он гуруснанишини буд, ки точикони самарканди сохиби рузномаи вилоятии «Овози Самарканд» ба забони форсии точики шуданд. Ин рузнома то чандин сол бо кумаки моли ва маънавии маркази фарханги точикон ба табъ расид ва дар айни хол ба унвони рузномаи вилоятии давлати ба кори худ идома медихад. Хаёт Неъмат, бо вучуди ин ки хануз аз туфулият гирифтори маълулият шудааст, аммо аз фаъолтарин равшанфикрони точики самаркандист. Устод Хаёт Неъмати Самарканди солхои тулонист, ки ба омузиши осори Мавлоно таваччух доранд ва рузгорест, ки ба накду тасхехи осори мондагори Мавлоно машгуланд. Ба ин марди некному нексиришт сихатмандиву сарбаланди таманно дорем.

Share this: Like this:

Ҷоизаи Академияи Қафқоз ба адиби тоҷик

Академияи Кавказ адиби тоҷик Шохмирзои Хоҷамухаммадро ба ифтихори 200- солагии ба Империяи Русия дохил шудани Абхазия ва барои асари хуҷҷатии у “Ахтари зулматсуз” бо мукофоту медал тақдир намуд.

Хамон тур ки қаблан хабар дода будем, Комитети ҷоизаҳои ба номи Лермонтови назди Иттифоқи нависандагони Россия ба адиб, нависанда ва рӯзноманигори шаҳири тоҷик устод Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад барои хизматҳои шоиста дар таблиғу рушди адабиёти ҷаҳон ва асари этнографии эшон “Сурмаи дил ” ҷоизаи байналмилалӣ, яъне медали нуқра тақдим карда буд , ин бор ба мо боз хушбар доданд, ки Академияи Кавказ хам адиби тоҷикро тақдир намуд. Бояд арз кард, ки ҷоизаи имсола ба даҳҳо адибон, рӯзноманигорон, сиёсатмадорон, философҳо, рӯҳониён ва нависандагони ҷаҳон, ки дар осорашон сулх, вахдат ва инсондустиро таблигу ташвиқ кардаанд, дода шудааст. Хамчунин ин бузургмардон дар таблиги адабиёти ҷахон сахми боризе гузоштаанд.

“Ахтари зулматсуз” яке дигар аз осори устод Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад – муҳаққиқ ва нависандаи тоҷик аст, ки ба унвони як қиссаи хуҷҷати аз рузгори як фидойии миллат нақл мекунад. Ва хушбахтона, ин асар, ки ҷангнома махсуб меёбад, аз тарафи Вазорати дифойи Руссия барои озмун пешниход карда шуд. Муаллифи ин китоб, донишманд ва мубаллиги таъриху адабиёти тоҷик аз зиндагии пур аз мубориза, талош, пайгирихои мудовим, ҷонфидоихои Кахрамони Мехнати Сотсиалисти Наврузмухаммад Раҷабов хадис мегуяд. Хадисе аз дустию сулх, аз вахдату васлшуди тамаддунхо.

Хадафу рисолати ин Академия пеш аз хама дар сулху оромишу вахдат қарор додани давлатхост ва дар гуфтугуи тамаддунхо нақши бузургро иҷро мекунад.

Бояд ёдовар шуд, ки ин медал ба он нафароне тақдим мешавад, ки дар роҳи таблиғу рушди адабиёти ҷаҳон, таблигу таргиби сулх, вахдат, гуфтугуи тамаддунхо ки ҷузъи таърихи адабиёти ҷаҳон маҳсуб меёбад, саҳм мегузоранд. Ва устод Шохмирзо ба унвони як қаламкаши мумтоз бо килки суханпарваронаашон дар ин ҷодда бисёр корхо анҷом додаанд.

Лозим ба зикр аст,ки аксари мавзуъхои осори устод марбут мешаванд ба дустию сулху вахдат ва хадамоти ишон дар муаррифи ва чехракушоии чехрахои машхуре чун Навруз Раҷабов, Шоди Боқиев ва даххои дигар бориз аст. Ин муваффақиятро ба устоди азиз табрик арз мекунем.

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎