Маликнеьмат : Ҳукумат бояд аз рафтани занон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҷилавгирӣ кунад.
Имруз дар ҷомеаи кишвар саҳми занон дар ҳама ҷабҳаҳои зиндаги эҳсос мешавад. Вале бо ин вуҷуди ширкати занҳо дар соҳоти мухталифи ҷомеа, боз мушоҳида мешавад, ки занҳои тоҷик ба унвони неруи кории арзон ба кишварҳои дур баҳри ба даст овардани кути лоямут ҳиҷрат мекунанд. Ҳарчанд, ки муҳоҷирати кори дар солҳои кабл дар Тоҷикистон кори мардон буд, аммо ҳоло бошад рафтан ба куи ҳиҷрат дар миёни занон низ “муд” шудааст.
Имруз он гуна , ки мушоҳида мешавад ва ҳамон тур ки коршиносони марбут ба масоили иҷтимои изҳор менамоянд занони тоҷик бо душвориҳо ва мушкилоти зиёди иҷтимои ва иктисоди рубару ҳастанд. Ва дар катори садҳо мардони муҳоҷир занҳо низ ҳузур доранд ва ин падидаи муҳоҷират руи зиндагии онҳо таьсироти манфи мерасонад.Оиди ин масоил, ки имруз зани тоҷик чи накше дар ҷомеаи кунуни дорад,раванди муҳоҷират ба ҳаёти у чи таьсироте расондааст ва роҷеь ба шароити иҷтимоии занҳо тасмим гирифтем то бо муҳаккик, ҷомеашиноси тоҷик устод Маликнеьмат суҳбате анҷом диҳем ва то як андоза бубинем зан ки ҳамчун ба кавли маьруф эьҷози худовандист, имруз чи накше дар ҷомеа дорад.
Устод, мехостам нахустин суолро аз ки будани зан ва накши у дар ҷомеаи имрузи бидонам?
Зан – ҳамчун як эъҷози худовандӣ, зеботарин сунъ ва волотарин намунаи иффат ва отифаи бани башар дар ҷомеъаи имрўз нақши муассир ва мавқеи сазовор дорад. Хосса агар он зани шарқӣ ва тоҷик бошад. Ин гуна зан бо ҳунармандии кадбонуӣ, меҳрубонӣ, шикастанафсӣ, бурдборӣ ва даҳҳо сифатҳои дигар бар соири занони сайёра болоӣ дорад. Беҳтарини занҳо ҳамонест, ки дар хона бинишинад ва парастории шавҳар ва фарзандон бикунад:
Занонро набошад беҳ аз ин ҳунар,
Ки шинанду зоянд шерони нар.
Барои фаҳмидани чи гунагии зан чи кор бояд кард?
Агар хоҳед, ки сифати нек ё бади занро бидонед, ба шавҳараш нигаред. Агар ваҷҳи мард беғубор ва хотираш ҷамъу руҳаш болида бошад, маълум, ки зане сазовор ва хирадманд дорад:
Зани хубу фармонбару порсо,
Кунад марди дарвешро подшо
Мардони хирадманд дар ҳамаи давру замон нисбат ба зан арҷ мегузоштанд ва ба вуҷуди ў эҳтиром медоштанд. Зеро зан, модар, ҳамсар хоҳар чашмаи меҳру вафодорӣ ва зиннатбахши зиндагии инсон дониста шудааст.Ба андешаи мо зан бояд беш аз ҳар кас зебо бошад ва ин зебоиро барои шавҳар ва фарзандони хеш ҳифз бикунад. Зебоии зан чист? Хулқи нек, сухани мулоим, чеҳраи кушода, на атру хушбуиву рангу бори зоҳир. Ман хуш надорам занеро, ки корҳои мардона бикунад. Зеро бо ин сабаб ба ҳусни худ нуқсон ворид менамояд.
Имруз дар Руссия, яке аз кишварҳои умдае,ки аксаран муҳоҷирони тоҷик дар инҷо бо умури мухталифе сару кор доранд, шумори занҳои муҳоҷири тоҷик кам нест. Шумо раванди муҳоҷирати занон ба Русияро чи тавр қабул мекунед?
Муҳоҷирати зан ба ҳар куҷое ки бошад, бидуни зарурат ба ҳеҷ ваҷҳ мақбул нест. Агар ҳоҳ ба сабаби меҳнат бошад, хоҳ ба сабаби тиҷорат. Ин амали номатлуб ҳамон вақт ба вуқўъ мояд, ки дигар илоҷе барои зан намонад. Бештар бар ин амал занони беваву танҳо ва оилавайроншуда даст мезананд. Аммо ин гуна ҳодисаҳоро ҳам медонем, ки занон аз пайи шавҳарони худ ба гўшаҳои дурдасти ҷаҳон мисли Русия ва дигар мамолик мерафтанд.Бисёрии инҳо пушаймон шуда баргаштанд. Зеро муҳити Руссия барои занҳои мо нест.Бештари дигари онҳо барои он мерафтанд, ки мабодо шавҳаронашон барои худ зани дигар нагиранд. Умуман муҳоҷирати меҳнатӣ набояд барои зани тоҷик бошад.Ҳукумат бояд аз рафтани занон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҷилавгирӣ кунад. Зеро зан- ин худ бақои миллат аст.Ва набояд, ки зани тоҷик дар муҳити ғайритоҷикӣ ва умуман зани шарқ дар муҳити ғайри шарқӣ одат бикунад.
Оё фикр намекунед ки Ҳукумат дар нарафтани занҳо ба куи ҳиҷрат метавонад икдоме намояд?
Гумон мекунам, ки барои зани тоҷик хотири ҷамъ ва дили беғам агар муҳайё кунед, кифоя хоҳад буд,ки миллате баруманд эҷод бикунад. Хотири ҷамъи ў фарзандони солим ва дили беғами ў серию пурӣ ва рўзгори амну амон асту бас.Ў бо ҳамин кадар дороӣ розист, ки шоду хурсанд зиндагӣ бикунад. Ҳукумат бояд аз рафтани занон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҷилавгирӣ кунад. Зеро зан- ин худ бақои миллат аст.Ва набояд, ки зани тоҷик дар муҳити ғайритоҷикӣ ва умуман зани шарқ дар муҳити ғайри шарқӣ одат бикунад
Шароити иҷтимоии занонро чӣ гуна метавон арзёбӣ кард
Шукронаи он, ки зиндагӣ дар Тоҷикистон рў ба беҳбудӣ оварда истодааст, занон дар русто зиндагии муътадил ба сар мебаранд ва бештарини онҳо ба ҷўз корҳои хона, инчунин ба парвариши чорвои хусусӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ ва тиҷорат машғул буда дар саҳмгузории буҷаи оила ба шавҳаронашон кумак мерасонанд. Аз он ки аҳён-аҳён ҳаводиси бемориҳои гуногун ва худкушӣ миёни занон мушоҳида мешавад, ин ба аҳволи рўҳонии ҳар фард вобастагӣ дорад.
Шароти занҳо дар русто чи гуна аст?
Дар шаҳрҳо низ занони тоҷик тамоми ҳунари худро ба кор мебаранд, то зиндагии худро ба сатҳи лозим боло бардоранд. Дар Тоҷикистон ҳолу аҳволи русто то шаҳр чандон тафовут намекунад. Ҳатто, бар гумоне ғолиб, зиндагӣ дар деҳот нисбат ба шаҳрҳо дида бароҳаттар аст.
Бо ин вучуд,хамон гуна,ки мебинем имруз зани точикро бухрони мушкилихо домангир аст.Мушкилоте назири камии маош, набуди чои кор, хушунатхои хонаводаги ва дур мондани духтарон аз тахсил.Инхо хама бастаги ба чи доранд?
Камии маош, албатта, ба иктисодиёт ва истехсолот вобастаги дорад, ки бояд дар ин бора чорахои чидди андешида шаванд, то маош ба сатхи давлатхои пешрафта баробари кунад. Таъмини чои кор низ яке аз омилхои муассир аст барои пешрафт ва маишати чомеаи шахрванди. Точикистон яке аз манотики кучак аст, ки бо таъсиси ду-се корхонаи бузург, шабехи Точикарзиз метавон ин муамморо хал намуд. Хушунатхои хонаводаги асосан аз нодори, рухафтодаги ва яъс пайдо мешавад. Хар гох, ки чомеъаи шахрванди пешрафт кунад, ин падидаи номатлуб аз сари рох бармехезад.
Оре, вактхои охир эхсос мекунем, ки ба сабабхои тангии маиши духтарон аз хонаводахо барои тахсил ба донишгоххо камтар чалб мешаванд. Аммо ин фочеа аст. Агар модари тчик аз савод дур монад, миллат аз савод дур мемонад.
Дар интихо, паёми Шумо?
Таманнои онро дорем, ки мардуми тоҷик мунису ғамхори ҳам бошанд ва бо якдигар аз рўи шафқату меҳрубонӣ муомила бикунанд.
Share this: Like this:Буҳрони бесаводи Тоҷикистонро мехурад…?
Имруз ҷомеъаи башар бо шахсони босавод хеле эҳтиёҷе дорад, аз ин раванд ҷумҳурии мо низ бояд таъмин бошад, бо ҳамин сабаб тасмим гирифтем, ҳарфе гуфта бошем оиди савод, ва саводомузии имруза. Маҳфи нест, ки имруз савияи дониш, донишандузи дар кадом поя карор дорад. Аксар соҳибназарон бар ин боваранд, ки анкариб 50-60 фисади ҷомеаи Тоҷикистонро бесаводон ташкил мекунанд, аммо ин танҳо фарзия ва тахминест, ки коршиносон иброз намудаанд чун саводи мардумро наметавон бо тарозу баркашид. Таасуфовараш ин аст, ки агар 50 фоизи мардуми ҷомеаро босаводон ташкил кунанд ҳам, мунтаҳо анкариб 25 фисади ин табаа дар хориҷ аз кишвар дар куи муҳоҷират зиндаги доранд ва ногузир саҳиманд дар рушду пешрафти ҷомеаи беруна. Continue reading “Буҳрони бесаводи Тоҷикистонро мехурад…?” →
Share this: Like this:Ҷавонон: Созандаанд ё сузанда?
Ин ки мо Тоҷикистонро қафомонда мегӯем, иллат ҳамон аст, ки ҳанӯз сари кор кадрҳои шӯравианд. Ҷавонон комилан хобу аз ҷавонии худ бехабаранд. Гӯиё дар мо ҷавонон танҳо роли муҳоҷиратро мебозанду бас. Бас! Вақти он аст, ки ҷавонон худро бояд дар арсаи сиёсату иқтисод ва умуман умури кишвардорӣ бояд нишон диҳанд.
Даврони ҷавони ба истилоҳ фасли кушодани панҷараҳост, фасли кушодани панҷараҳои нигоҳу андеша ба суи фардоҳо. Фасли ошнои бо навтарин навовариҳо, фасли фатҳи куллаҳои муваффакият, фасли таваллуди афкори мутафовиту созанда, фасли сабзидани ниҳоли масъулият ва гайраҳо. Аммо ин даврон бо вуҷуди хуб буданаш ба гуфти коршиносон аз фиребандатарин давронест, ки як интихоби галат ва ё кучактарин иштибоҳ метавонад таъсири шадиди манфие ба ояндаи ҳар фард бирасонад.
Ба кавле чи ширин аст доштанҳо дар баробари надоштанҳо, чи лаззат аст тавонистанҳо дар баробари натавонистанҳо, ба куллaи муваффакият баромаданҳо дар баробари сукутҳо, дар авҷи кудрат буданҳо дар баробари пастиҳо, яъне гуфтани аҳстам,ки ҳамаи ин таҳарукҳову шурҳову неруҳо маҳз дар ҷавонист ва маҳз дар ҳамин давра метавон ҳам ба даст овард ва ҳам аз даст дод. Оё ин даврон ва фасли кушоданҳову сохтанҳо барои ҷавонони тоҷик, ки дар ҳамаҷо аз ояндаи миллат буданашон ҷор мезанем чи гуна давронест ва оё ҷавони тоҷик дорои андешаи созандаву рушан мебошад? Бо чунин ҳадаф , калам бар даст гирифта дар рушани андохтан ба ин суолот гом мениҳам. Continue reading “Ҷавонон: Созандаанд ё сузанда?” →
Share this: Like this:Аз «Хулбуи лаби чу » то «Сузани патефон»
Бешубха аст, ки замону макон, мухити ичтимои ба зиндаги ва фаъолияти инсон таъсир мегузорад, зеро инсон дар доираи онхо мемонад ва берун аз онхо буда ва шуда наметавонад.Чунин таъсир дар фолклор-хикмати халк низ дида мешавад, зеро мардумро одат буда ки бо шеър тавъам зистаанд.Кам одаме ёфт мешавад, ки дар инчо 50-60 байту рубои надонад ё бо оханг нахонад.Мухит чунин инсонхо тарбият менамуд.
Чупони пешаи мухиму асоси, ки ба хисоб мерафт, бешак аст, ки дар танхоихо байни куххои баланд, ки садо акс немдихад, шавку илхоми одам меояд.Фолклор муаллифи мушаххасе ё ягонае надорад, он моли халк аст.Аз ёдхо ба ёду хотирот мегузарад ва хирмани бузургеро ташкил медихад.Бисёр мисолхои аник метавон овард, ки гуяндагони он маълуми мушаххасанд ва онхоро аксаран филбадеха гуфтаанд.
Чунончи, Мулломухаммадрачаб-шахси зарофатгую хозирчавоб дар хашари алафдарви ба сохиби кор чунин мегуяд:
Хезед нашинед тарaддуди ош кунед,
Дар пеши даравгарон палав чош кунед.
Сохибкор хам суст намеояд:
Дар огали мо на гов монду на рама
Руган ба Каротегин,биринч да (р) Курма.
Ё мисоли дигар.Дар замоне, ки дар дарё тилло кор мекарданд, марде бо номи Одина кор мекард ва уро Одинаи “залатой” мегуфтанд.Баъд дар хаки у чунин байт сурудаанд.
“Точикзалатой” акнун пароканда шудаст,
Дар назди халоик аз хама ганда шудаст.
Муллоабдулло табъи баланди шоири доштааст.Сатрхои зерин моли уянд:
Вой аз сари шаррахою вой аз обаш
Вой аз сари Шахи Зарду чои хобаш
Дар гарми хамво муяссарам гардунад,
Сад бор мурам ба Чашмаи Широбаш
Дар яке аз паюгонихои (туи аруси) махал шохид будем, ки кампире лагандча дар даст бо лахни шевову чаззоб ин байтро хонду аз гиря хиккакаш гирифт.
Ин кутали Зойти буроз асту нишеб
Чо-чо гули анбар асту чо-чо гули себ.
Эхтимол хамон лахза ба ёди кампир зодгохаш рансиду онро бадехатан замзама намуд., зеро мо на дар китобхои фолклор ва на дар забони мардум онро дарёфт накардем.
Чунин мисолхо хеле зиёданд.
Дилварзира шаб пашшаю руз офтобаш
Мачора мурам ба шаррахои обаш.
Ин байтро наметавон тахкир кард, ба он эхтиёч нест,харчанд, ки кампир “бесавод” буд,аммо байти у аз лихози шеъри нукс надорад,кофияву радиф барчо, маъни пухта, таносуби каломро бубинед:шаб-руз,Дилварзин-Масчо,офтоб-шарраи об.
То мухочират олоти афзори абёти мардуми васфи шарраю чашмахо, салкинихои сояи зардолухо, хасрату армони фарди,шиква аз бепарвоии дустдошта,зебоихои тагобу азоби чупонбача хини борон, афсуси дустдоштаи у-духтари дехоти,ки зери борон мемонад.Инчунин манзараи чавдарви,хирманкуби,орзухои бачаги, хавас хо акс ёфтаанд, кивокеан онхо садои дили пурорзу,пурхасрат ва пурдарданд.
Оби хунука ба оби чуш андозед
Байтои мани сухтара гуш андозед.
Дилварзин фолклорро хам дигаргун намуд.ИН конуни хаёт аст.Мардум бо ашёи наве чун телфон,радио,патефон,камсамоил,матлубот, парта,пахта, трактор,мошин, червон,электрик тилвизор, мактаби нав, Янток, колхоз,лампочка ва гайрахо бештар ошнои намуданд, аз онхо бахра бурданд ва дар ифодаи арзу дарди худ истифода бурданд.
Аксаран дар ашъори Дилварзини мо навои шукру сипос ба даврон, миннатдори аз Хукумат, озодии занону духтарон, тараннуми мактаби шурои ва ахёнан шикоят аз пашаю гармихои дашт ба гуш мерасад.Яъне мардум бо худ аз кухистон ба чои куххои баланд ба водии апст шеъри баландашро овард.Шеър хамвора хамнафасу хамрози онхо будааст.Бо оханги мастчохи байт хондан дар чашну базмхо як анъана буд,мутаассифона, солхои охир шеъри шуху мавсими ва кучаги чои онро гирифт.
Дар зер ба сифати намуна аввал байтхои дар Мастчох сурудашуыда ва баъд офирадахои Дилварзиниро меорем,ки хонанда худ казовати хакики хохад намуд.
Кад-кади тагоб меравам чавдарви,
Румолчаба магзу аз кафом медави
Олуча баланди карду каддам нарасид
Ин духтари кош сиёба зурам нарасид
Ин беди баланд соя кунад болота
Офтоб назанад руи гули раънота
Масчоба мурам, Масчо мазоро дорад,
Обхои хунуку лолазорхо дорад.
Ду коши сиё дорию хардуш куша,
Якташ ба ману якташ ба гирди гуша.
Дар дасти шумо пиёлаи чои кабуд
Монанди шумо раёни масчоба набуд.
Э куртасафед куртаякат багаки бед
Сад кас ба ту ошик асту моям ба умед
Хоят гуям намебури аз богат
Мобайни ду шохи себ чои хобат
То зинда хаям туро намонам ба касе
Баъд аз сари ман ту дону хар хору хасе
Хулбуи лаби чу шудаст меваи тар
Ру чониби мо карди дил чои дигар.
Кошот борик миёни кошот борик
Румоли сарат Рогифа кардаы торик
Худгиф мерию чи мебиёри бари ман
Дермуни накун токат надорад дили ман
Ман мемураму ду гур ковед бари ман
Якташ бари хасратому якташ абмри ман
Ту дар сари вот шинию ман дар таги вот
э дурракабуд умрама карди барбот
Садбарги сафед мебуравад бозикунун
Ранги мара карди худи барги хазун
Каддат ба мурам кадди ту паст афтодай
Кошони ту пурхумору маст афтодаы
Тагтаги тагобу меравам руболо
Ошик шудаам ба духтари домулло
Ман мерумао ба зираи дандунат
Дар гур-гури мохсину лаби хандунат
Арзанчиниба фурорамат вакти намоз
Лабхота тамошо мекунам пусти пиёз
Ман мемурамо ба хасрати дунёи
Гури мана хуч кунед дарод рушнои.
Боло мери ман ба ту боло мерам,
Ту гулчини рав ман пеши мулло мерам.
Аввал ба худо мурему охир ба шумо
Мо байта тамом кардему навбат ба шумо
Абёти Дилварзини
Ман духтари пахтакора ёраш бошам
Дар пахтачини хамдами кораш бошам.
Кошке ки худо муаллимам гардунад,
Дафтарча гирад,биёд ба пешам хунад.
Мошин ба савор шудему кардем ханда
Дилварзи барои коргурезо ганда
Мактабба фуром барфи калон меборад
Ёри мана бин бо чурахош харф дорад.
Дар шахрои мо на муфтию на кози
Мо дастибадаст кунем Хукумат рози
Тилфуни идорахо ду мели муят,
Мунанди электрик сафеди руят.
Червон тиям аэроплан бардорад,
Моро бараду бар ватано фурдорад.
Лампуска ба болои сарат рушнои
Як буса гирад ин бачаи масчои
Ай чураи чон биё равем матлубот
Дар пои шумо кулуши панчум мебот.
Повиска ба дастам доду мерам раюн
Очаш мана диду духтараш шуд гирюн.
Мошин ба савор шудем ба оби дида,
Тагдир набудаи нону насиб бурида.
эй чураи чон биё шинем дар парта,
Ту сузани патефон шаву ман карта.
Парти ману парти чураям пушти ба пушт,
Хар лахза нигохи зери чашмат мана кушт.
Офтоб шиношиной ба кадди бурсо,
Чашмам чорай, дилам кашуни Масчо.
Дар дасти шумо доданд китоби конун
Мактабба намеравнд занони нодун
Хасрат дорам тамом куни мактабата,
Дастмол кунам кошони серравганата.
Рахмат ба Хукумат ки кушод мактабаша,
Хар банда ба когаз мекашад максадаша.
Табелчи шавам тафтиш кунам корота,
Истода тамошо мекунам кошото.
Хукумати мо мактаби халки кардай,
хукуки зану марда баробар кардай.
Мактаб меравам дар дасти ман як дафта,
Дар гушаи бом шистай мисоли кафтар.
Як обе хурам оби зарафшон бошад,
Як ёре гирам табелчи колхоз бошад.
Сангои сафеду дури мактабба мурам,
Дастони сафеди ручказебатба мурам.
Сузад рахи Мастчоху ангишт нашавад,
Ин ганштани Дилварзин фаромуш нашавад.
Давида бурамадам ба руи устал,
Гап мезанамо фикру хаёлам духтар
Сар то сари айлока хурдаст молаш,
Дар дафтари колхози баромад номаш.
Имрузаба меравам ба чули Янток,
Чунунаи нозанин кунам вактата чок.
Мактаб гирадам дар пеши ёр мехунам,
эй ёри азиз дар харду кошат чунам.
Э ёри азиз лотинира медуни,
Дафтар гирию ои ба пешам хуни.
Мактаба фуром чура ба вакти дарсат,
Дастпуна шавам, гири ба банди дастат.
Хуккумати мо Хукумати рахматбод,
Кулли амали нагза ба дасти зан дод.
Аз хуна бурумади ба сад таншвикот,
Озод шудани тура намехохад акот.
Мошинба савор шудему гаштем равон,
Эй очаи чон моро ба хотир бирасон.
“Сурмаи дил”
Share this: Like this:Ҷойгоҳи Ҳофиз дар Тоҷикистон
Шоҳмирзои Хуҷамуҳаммад муҳаққиқ ва нависандаи тоҷик Ҳофиз Шерозиро бузургтарин ва маҳбубтарин газалсарои форси гуи унвон кард. Вай гуфт: “Ҳофиз маъруфтарин шоири газалсарои форси гуи дар кишварҳои Иттиҳоди Шурави аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.”Ин нависанда ва пажуҳишгари тоҷик афзуд: “Ҳофиз дар миёни мардуми Иттифоқи Шуравии собиқ аз ҷойгоҳи мумтозе бархурдод буда, то ҷое, ки дар зери сари болини кудакон ҳануз ҳам девони Ҳофизро бо ҳадафи ҳифзи кудак аз осебу газандҳо мегузоранд”Оқои Хуҷамуҳаммад: “Дивони Ҳофиз тақрибан дар радифи кутуби муқаддас қарор дорад ва метавон гуфт ҳонае, хонаводае дар дар кишвар вуҷуд надорад, ки дивони Ҳофиз онҷо вуҷуд надошта бошад.Ба гуфтаи пажуҳишгари тоҷик бештар газалҳои ин шоири шурида ва ороф маслак тавассути хонандагони машҳур бо мусиқи ва оҳанг хонда мешаванд.
Оқои Шоҳмирзои Хуҷамухаммад дар идома афзуд: “Дар Тоҷикистон дар мавриди таҳқиқ ва омузиш зиндаги ва шаҳри Ҳофиз кутуб ва рисолаҳои зиёди пажуҳиши ва илми таълиф шуда, ки бештари онҳо тавассути адабпаҷуҳону донишмандони машҳур мисли шодравонҳо пруфессор Шарифҷон Ҳуссейнзода, Аълохон Афсаҳзод,Холиқ Мирзозода,Абдунаби Сатторзода, Мирзо Муллоаҳмадов ва дигарон иншо шудаанд, намунаҳое аз ашъори “лисонулгайб” оварда шудааст, ки дар вижагиҳои шеъри Ҳофиз, истифода аз саноеи лафзи ва орояҳо тавассути булбули Шероз, таъсири газалиёти Ҳофиз бар соири шуарои пас аз у мебошад.”
Тарҷумаи ашъори Ҳофиз дар кишварҳои Иттиҳоди Шуравии собиқ вазн ва оҳангу мусиқии газалиёти ин гуяндаи бузург мавриди барраси қарор гирифтааст.Муҳаққиқи тоҷик дар остонаи рузи бузургдошти Ҳофиз тасреҳ кард: “Газали Ҳофиз аз сеҳри аҷибе бархурдод аст,хондани он ба фард умед мебахшад, ки бузургтарин вижагии сурудҳои у ҳамин назокати гуфтори уст, ин шуҳрату маҳбубият пас аз Ҳофиз насиби каси дигаре нашудааст.”
Танҳо дар қарни 14-уми милоди ,замони зиндагии Ҳофиз беш аз 100 нафар бо тахаллуси Ҳофиз шеър мегуфтанд, вале касеро саодати Ҳофизи Шерози насиб нагардид.Муҳимтарин далели ширини ва лаззати маънавии шеъри Ҳофиз баҳрагири, ошнои ва ҳифз будани кутуби торих буда ва бо чандин шева онро қироат менамудааст.
Таҳияи Фирдавси Аъзам
манбаъ: http://www.iransharghi.com/
Share this: Like this:САРВОДАИ САРМАДИ (кисми охарин7)
Худо медонад ки кадомин аём модаре дар диёрамон чун ако Раҷабов дорулфунуне поён надода- донишманде муфассири панд – номаи ниёгон, натоқе соҳиру маҷлисро ба ҷаҳон орад. Қариб ду даҳсола дар кӯҳистони Мастчоҳ ифои вазифачӯи масъул дар дӯш доштам. Бо ин пири хирад борҳо дар деҳоти ин водии фирдавссифат сафарҳо доштам. Дар ҳар сафар аз ишон дарси муносибад бо ҷамеа гуфтору кирдор санъати сухангӯиву маънибардори фазилати пандпазири эҳтироми рӯҳи гузаштагон қадри имрӯзиён маънии чанд рӯзе дар ин дори фоно буду бошамон аз бар манамудам. Масалан дар фазилати адаб устод ин сухани бузургиро ёдрас медоштанд:
Адаб тоҷест аз нури илоҳи, Бинеҳ бар сар бирав ҳар ҷо ки хоҳи.
Аз дафтари хотираҳои устод мехонем : “ Вақти раис интихоб шудан 24 сол доштам ”. Аз илми сарвариву деҳқонӣ чандон бархӯрдор набудам. Пирони деҳ – акои Маҳадшариф, Давлатмалик, Муллоюнусу Ниёзбобо машварату ёронашонро бароям арзони доштанд. Анбори колхоз тихи 15 сар аспу 25 сар гов ва як сар аспу 250 сар бузу гӯсфанд боигарии ферма буду бас. Тӯли ду сол шумораи чорво садҳо сар афзуд. Дар анбори колхозу ҳамбахои аҳли деҳот гала намегунҷид. – Аз худ розиед, устод ? – – Норизо бошам пушаймон нестам. Агар ин матлаб ҷидди пазиред, ношукри ба даргоҳи Худо мебуд. На, ҳазорон шукр парвар – дигорро, ки банда умр ба дасти бад надодам. Аз ман мақбули дарго – ҳи он зоти пок, ки хости худаш буд, амале рух намедод, оё ситораи панчгушаи тилло сари сипарам чило медод? – гуфтанд хандида. Бале, бо он ситора ифтихор дорам. Вале ҳаргиз он инъомро ман – суби заҳмати хеш намедонам. Агар чунин ман – манӣ гӯям носипосиву номардӣ мебуд. Ба рости айёми ҷавонӣ бо худ гуфтам : оё рӯзе фаро мерасида бошад, ки ҳамингуна ҷоизаи олӣ ба банда насиб мекарда бошад ? Барҳақ, фармудаанд:
Ҳар чиз талаб кунӣ, биёбӣ, Рӯ аз талабаш агар натобӣ.
Чун ҳамдиёрон инҷонибро ба мақоми роҳбарӣ писандиданд, “ бо дил гуфтам : зи дигарон беш мабош “ Аз сидқи дил, ҳалол меҳнат кардам, аз паи молу сарвати дунё нарафтам. Ин буд шиорам :
Дунё агар диҳандам наҷунбам зи ҷои хеш, Ман бастаам ҳинои қаноат ба пои хеш .
Мардумро дар атрофи худ муттаҳид сохта, софдилона ҳамагон аз як гиребон сар берун овардем. Ва он чи матлаб буд, Худованд бароварда гардонид. Ҳамдиёрон аз мусофирату саргардониҳо боз- омаданд, чӯли ноободро ба бустони ҳақиқӣ ббадал сохтем. Маҳз, ҳа- мин пиру барно, марду зани бонанг буданд, ки доди корро доданд. Ва ҳукумат сазовор донист ишонро ба унвони олии Қаҳрамони меҳнат, ки пеши ман аст. Оре, халқ қаҳрамонӣ зоҳир намуд. Вагарна аз мани маъюб куҷо амали қаҳрамонӣ сар мезад? Медали тилло рамзи қаҳрамонии онҳоест, ки Диилварзинро ба боги биҳиштманзар бадал бинмуданд.
Норозиям – гуфтам дар чавоб ба пурсиши шумо. Оре, дар ин калима метавон ҳақиқатро чуё буд. Чилсолагии азхудкунии замин дашт тачлил гашт. То панҷоҳсолагии футӯҳоти он касоне, ки хишти аввалини ободонӣ гузошта буданд, шояд ангуштумор монанд. Ва дидани он рӯз боз насиби касе шавад, ба гумонам мисли пештара як маҷлиси мутантану пурмӯҳтаво, зиёфати шоҳона. Басо афсӯс мехӯрам, ки то ҳанӯз арзишман асаре, ки симои фоте- ҳонро, ҳақиқати талху ширини афхудкуниро бозгӯ бошад ба табъ нарасидааст. Ва ба назари банда хеле муҳиму зарурист, агар бо ифтихори корномаи аввалинҳо муҷассамае, ки худ баёнгари ҳамаи рӯзгори пешиниён бошад, бунёд бисозем. Зеро он ҳам поси хотири он қаҳрамонҳо хоҳад буд ва баъдан дар тарбияи наврасони имрҳзу оянда нақше хоҳад дошт. Норозиям, бале. Аз он ки сарварони пешин он ҳарфи олимонро : ин дашт дар сурати обшор гардидан бими ба заҳистон бадал шудан дорад, ба инабат нагирифтанд. Ва ин дам, ки оби зеризаминӣ боло медамаду даҳҳо манзили зист фурӯ меравад, оё чӣ рӯзҳои сахту даҳшатбор пеши рӯй дорад ? Ки ғами одамон мехӯрад ? Оё кафолати ҷуброни зарарҳо вуҷуд дорад, дар ҳоле, ки аксари мардум дар ҳоли фақру бенавоӣ ба сар мебаранд ? Боз аз он норозиям, ки ифодаи Ҳофиз – он булбули Шероз беш – тар эҳсос мешавад :
Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам, Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Бе парда таъкид менамоям, ки ҷомеа ба қашшокии маънавӣ рӯ ба рӯ омадааст. Бархе аз ҷавонону наврасон аз ҷодаи одаму одамият берун по мениҳанд. Боиси таасуф аст, ки аҳли фарҳангу ҳунар қадру қиммат надоранд. Гузориши таълиму тарбия дар мактабҳо ба ҳоли ногувор афтидааст. Устодон ҳуқуқи ночиз мегиранд, ки китобу дафтару давод дастраси муҳассилин нест. Агар сарварон андешаи беҳдошти маорифу соҳаи ҳифзи сиҳатии оммаро дар сар надоранд, дар сиёҳномаи таърих сабти ном хоҳанд шуд. Боз дарднок он аст, ки на ҳамаи масъулону сарварон аз паи эҳ- тироми ҷомеа гом мебардоранд. Ҳама мебинанд, ки моҳо ночиз аммо аз куҷо он хонаи дакаданг, яъне хиёнатпешаҳо дар ҳоли афзоиш. Аз пояи инсоф берун по ниҳода, аз халқу ах Худо ҳаросе надо – ранд. Инро иллат боз касифии маънавият, дури аз фарҳангу ахлоқи ҳамида. Аз ин боб, ки даври қамари Ҳофиз мегӯем қасоидҲои ҷамъият бештар чеҳраи манфури хеш айн месозанд. Биёед аз Худо талаб намоем, ки иллати моро аз балоҳову фоҷиаҳо эмин дорад, дар дили ҳар тоҷик нерӯи содиқ будан ба суннати пешиниён – аҳли китоб, мӯъҷиофаринӣ, муборизу меҳанпарастӣ, фарзанди меҳнату ороста бо ахлоқи ҳамида эҳдо бикунад. Омин ё раббилоламин. – Устод, агар мӯъҷизае рух бидиҳаду дар шумо тавони чилсолагӣ ҳулул гардад ? – Сад дареғ, ки умри бандаи фақир поён омада. Ҳаргиз моҳӣ болои маҷнунбед наҷаҳад, касе надид, ки гурба либос шуст, ин ҳол набуда, ки говмеш ба парвоз ояд. Гар Худованд инам рӯзӣ бубидан боз аз меҳнати ҳалол қут ба даст меовардам ва Қуръони Маҷид ҳифз бинмуда, ҳамвора машғул ба тасбеҳу ибодат бо меҳмонии хеш дар ин ҷаҳон дар ҳоли мутолиа ва корбаст ба фармуди Яздони поку боазамат поён медодам. – Дар масири зиндагӣ аз кадомин фарзандони ҳамдиёр пайгирӣ доштед ? – Зидагиномаи равонашон то биҳишти ҷовидон шод бод Бобо- хон Ҳамдамов, Ибодулло Оқилов, Маҳадшариф Ҳасанов бароям ибратбахшу пандпазир будааст. – Ба онҳое, ки имрӯз сарварии ҷомеъро ба ӯҳда доранд чӣ мефармоед ? – Банда насиҳатгӯ наям, аммо ишонро даъват менамоям, эй бародар бидон, ки Дареғо аспи мансаб зин надорад …
Гар бар сари нафси худ, амирӣ, мардӣ, Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Андешаи он бинмо, ки чун ин сарварӣ бо умри кӯтоҳ дар ихтиёри туст. Фардо ту ё он тарк хоҳи гуфт. Оё халқи Худо ба рӯят чӣ сон бинигарад. Агар нек бидонӣ, ки Умри одамӣ чу акси мо дар рӯи об ноустувор аст, аз ин рӯ, то метавонӣ некӣ кун. Ҳукм намо : ту ҳар ду ҷаҳон обод кардаӣ, бо тоату ибодати хеш.
– Ба фарзандону наберагон чӣ? – Гуфтааму боз мегӯям, ки фарзандони азизам бароятон гулчине аз сухансароёни баргузидаи миллат мураттаб сохтаам. Онро ҳадяно – маи зиндагӣ бисозед. Иншооллоҳ, амал аз ҳикматҳо бикунед ҳамвора аз паи луқмаи ҳалол, омӯзиш, набард алайҳи бадхулқиҳо, пӯшидани пироҳан аз матои ҳамида ахлоқи, бо дӯстон муруват, ҳалими саховат, дури аз тиҳимағзону бадгавҳарон, тоату ибодат пешаатон бошад, бан- даи хоки аз шумо розӣ хоҳанд буд. Ва фаромуш насозед, ки ман бо овози боланд мегӯям : баъди маргам сари шумо аз пушти ман, яъне амалҳоям паст нахоҳад шуд. Чаро, ки шукри худованд пои ноҷо нагузошта, нахоида ҳарфе нагуф- та, бо захмати хеш луқма ба даҳон доштам. Ҳар яки шумо ҳам мебояд дар пайравии падару модар зинда- гиро ба охир бубаред . – Ако, хаста нашудед ? – Одам ганимат, – ҳар дам ғанимат. – Дил майли зодгоҳ дорад? – Чаро не ? Ин тавоне медоштам ҷеранро рӯи зини он ҳайвони чун ғизол зебо суи Эсиз ба парвоз меомадам. Аз нилаи Зарафшон рӯд замини ҷигари сӯхта шодоб мекардам, то ҳарорати бадан паст гардад. Ва хамчунин бо буи хоки мушбези мадфангоҳои волидайн гулобе ба- рои пирохани сафари дар пеш тахия менамудам. Ин лаҳза аз ҷеран ҳам ёд бинмудед. Монанд ба рахши Рустам ба- роям арзиш дошт. Дар ҳама бурду бохт, барору нобарориҳо аз кӯҳис- тон то ба Дилварзин моро ҳамрозу амбоз буд он асп. Мисли фарзанди падар дӯсташ медоштам қисмат чунин буда. Марги фоҷиабор насибаш шуд. Рӯзе ба маркази вилоят аз паи коре рафтам. Сараграном аспро бо гандуми деҳқони хуб зиёфат медихад. Дар масири бошишгоҳе аз ғурриши мошине асп рам мехӯрад. Савора фармонро идора карда наметавонад.Ҷеран бо суръат давида дар замини зери об монда дучо- ри садама мешавад. Бо азобе худро берун мегирад. Аммо он бархӯрд барояш лахзаи умр будааст. Чун ҷеран – дӯсти азизу ҳамсафари беозорам сарбурида дарёф- там, фиғонам боло гирифта. Пас он аспе дигар савор нашудам. Ва агар қудрате медоштам пайкараи он махлуқи нозанинро, ки саҳмаш дар футоҳоти дашт чашмгир буд бо шаҳомате аз зарандуд бунёд мекар – дам. – Шуморо бархе аз сахархези таъна мезаданд. – Пешоббағали кушода чун субхеро . Ҳар кас, ки надид, хоби маргаш бубарад. – Заруроте ба омӯхтани забони хориҷӣ ба миён ояд, кадоминро фарогир мушудед.? – Забони Қуръон ва англисиро, ки забони сивилизасияи қарни оянда хоҳад буд. – Ҳавапаймое дар ихтиёр медоштед… -Бо ҳамсари гиромиям бо қасди тавофи Каъба маскани азизамро тарк мугуфтам. – Қариб ним аср раис будед. Кадомин харфи бузургон вирди забон доштед? -Ба қасди он ки диле наёзоранд сухани Саъдӣ – он муаллими ах – лоқ шиори амалам буд :
Эй забардасти зердастозор, Гарм то чанд бимонад ин бозор ? Ба чи кор оядат чаҳондорӣ? Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!
– Ба марги киҳо афсӯс мехӯрдед.? – Банда таронасарои марг нестам. Мо ҳама барои марг зода шудаем, вале аз ҷавонмаргии истеъдотҳо, чун Саъдулло Оқилов Маҳмуди Вохид, Холмахмад Сангинов, Муллошоди Бокиев, Юсина маломати дард дорам. – Аз сарварон киҳоро меписандед? – Ба Бобоҷон Гафурову Рифъат Ҳочиев, Ибодулло Оқилов, Саид – шариф Шаривоф дуои ба дарозкашии умр салтанат раво медидам. – Қасидае аз хомаатон мерехт… – Ба падару модарам эҳдо менамудам. – Ситорагони адаби наср ҳама дар ҳаёт мебуданд, киро механ – дед? – Балоҳур ба парвоз меомадам сӯи Иқбол.
Биё эй ишқ, эй разми дили мо, Биё эй кишти мо, эй ҳосили мо. Куҳан гаштанд ин хоки ниҳодон, Дигар одам бино кун аз гили мо.
– Соат чанд ? – Сеи саҳар. – Ҳама дам гиред, ҳоло вақт аст – фармуданд. Аммо беморбинонро хоб аз чашм парид. Субҳи козиб фаро расид. Бемор тарафи қибла паҳлӯ гашта : – Очаш соат чанд ? – Шаши саҳар. – Ай дарев, ки дареғ. Муллонеъмат маро биҳил кун. Эй Худо мушкилама осон кун. Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадан расулуллоҳ. Ё оллоҳ… Сӯҳбат ин ҷо анҷом ёфт ва баъди соате чанд марг дар кӯбид. Посе аз шаб гузашт. Беморӣ хуруч кард. – Ҳо баччам, Шукур. – Лаббай додо. – Таҳорат дорӣ ? – Ҳо – Ҷони додо хунам. – Чӣ хонам ? – Алҳамдро хону куфам кун. Писар фармудаи падар ба ҷо овард. Бемор дар ҳоли хоб орому осуда. – Неъматулло – додарзодаи устод низ сари бистар ҳозир шуда, Ёсин хонда, дам карданд. – Очаш, ҳо очаш. – Лаббай. – Муллонеъмат дамам андохт, дилам сиҳат шуд. Бисту якуми феврали соли 1998. Садҳо одамон гирди дари буми майит ҳозиранд. Пироҳани мотамӣ ба тан. Синаҳо лабрези дард, дидаҳо ғамбору чеҳраҳо ғамхона. Апаи Рисолатмо навҳа мекунад. – Хунам балом, ҳамсарам ҷигар, гули маракаҳо дареғ, бахту давлатам ҳусни диёр балом вой балом, сутуни дилам балом, дидаи биноям балом, во ҷигаре ҷигар… – Шамъи мафҳилҳо будед – додо, баломе – фигон дорад Чумъа . Махадшариф, Ориф ашкрезону асобадаст назди издихом омада: -Мехмонони падар хуш омадед, кадамхоятон болои дида навхаву афгон доранд, ки :-додои андарзгуву муфассир балом, чароги махфилхо балом, диёрро холи кардед падар, дарег… Нодирамову Адолату Танзиламову Фариштамох сиёпушанду миёнбаста ба иллати талафоти гарон – фавти падар ашк дар дидагонашон равон асту равон. Хона мегиряд, дару девор ашк мрезад, ҳар гиёҳу дарахтони ин манзил нола дорад. – Додои ғазалсароям, – нола доронд Нодирамоҳ. Падари сухандону андарзгуям, чигар ашк мерезад Танхиламоҳ. Ҳарфи ло илоҳ бар бо нигоҳи чашм фарзандонро якояк падруд гуфта, шабеҳи кӯдак ҷон таслими Худованд марди наҷиб. Фиғону нола ба осмон бархост. Муллонеъмат – додарзодаи мар – ҳум он дам марсияе таълиф намуд ба ин маънӣ :
– То дами поёни умраш будам уро дар канор, Лафзи истигфору тавба бар лабаш шуд ошкор Мавҷ зад хуноби ҳасрат аз димоги хотираш Фазли ҳак оинасон ба ёдаш устувор Чун забон дархам дихад бикшод аз фазли илоҳ, З-он ки ман доим ба ин максуд будам интизор Ӯ пушаймони кашиду ашк аз мижгон бирехт Пас ба ёд овард он дам аз гузашти рӯзгор. Кард васият он замон бар ахли фарзандони худ Баҳри ишон кард ин шакрфишониро нисор Гуфт гиред баъди ман аз домани соҳибдилон То ки бошед дар ҳама хол мисли богу токзор Модари худро намоед ҳурамту доред дӯст. Дар савоби зиндагӣ дод ба шумоён этибор. Ҳеч кас боки намонад андар ин дори фано Бар ҳама халқи маълум гаштаст ин қарор. Аз шумо дорам умед гуфт аз гуноҳам бигзаред, Оҳи пурдарде кашид аз дил баровард ин шарор. Гуфт ёраб, мушкилам осон кун аз фазлу карам. Варна аз андуҳи ман дар нола ояд кӯҳсор. Дар ҳузураш буд Ҳузури вақти ҷон биспурданаш, Ман гумон кардам, ки биштофт ӯ ба сӯи лолазор.
-Додои бо нангу ор, чигарпораам кардаед – мегиряд Фариштамоҳ. Ва аммо рӯи тахти баланд марде гуё хуфта. Тифлона ба хоб рафта, чеҳрааш шукуфон, лабонаш моил ба табассуманд. Аҷоиб манзарае, бул – аҷаб саҳнае : даҳҳо гирёну яке хоб асту хандон. Гиряҳо мегӯянд: Ҳамсари азиз, падари бузургвор, акои арҷманд бобои меҳрубон тарки дунё кардеду фақат соате мемонед – ва то рӯзи ҷазо дидори ҳам нахо- ҳем дид. Алвидоъ, Падруд… Хуфтаи хандон амали саҳнадоррону саҳнабозонро даркмена- мояд. Худованд нерӯи сухангӯиву чашм кушодану ба атрофиён гуфта- ни он ки: – Оре, тақдир чунин будааст. Бандаи офарида аз хок шуда ба хок меравад. Шумо, ки анбӯҳи бекаронед, омадед то маро ба охирин сафар гуселу ба он дунё раҳнамун созед. Хуш омадед азизон хоки қу – думатон рӯи мижгон. Агар дар зиндагӣ ба иллати хоме шахси шуморо озурдаам, илтичо дорам,ки ин бечораро бо неруи чавонмарди бахшидани гунохашро савоб донед.У имкон надошт гуяд: то лахазоти дидор дар рузи киёмат хар яки шуморо дар хивзи Худованд рахмону рахим во мегузорам.Падруд азизони дил . Бандаи омода ба хичратро гусл бинмуданд . Чисми уро хокониданд . Аз матои сафеди пок либоси сафар пушониданду саропош гулоб пошиданд, то муаттару хушбу бошад. Марди дар ҳоли сафар рӯи шота – аспи чубин савор гардид. Чубинасб болои дарёи мардони ба видоъ омада мавҷ мезаду сӯи манзили охират пеш мерафт . Савора назди масҷиди деҳ бозистод. Аз баландгӯяк ин садо
Хирадмандо, ба марги ту замину осмон гиряд. Ба маргат аз фироқу ҳасрату фарёди ҷон гиряд…
Наттоқ раиси ҳукумати ноҳия Саидшариф Шарифов ду мисраъи баъдӣ ба гаронӣ ба забон овард. Гиря гулӯгираш бинмуд ва дар ҳоле, ки ифтихори Тоҷисиктону тоҷикистониён буд. Ба китоби умри ин абармард Наврӯзмуҳаммад Раҷабов назар биафканем ҷуз қаҳрамонӣ, футуҳот зиндагии пандпазир намебинем. Сарвари сарварон, устоди деҳқонон, пири муаллимон, марди шеърдону шеърдӯст, номдеҳу некандешу накӯкор ин аст сифатҳои ин шахси бузург. Раиси ҳукумати вилояти Ленинобод Қосим Қосимов дар сифати Н. Раҷабов гуфт : – Сад дареғ, сад афсӯс, ки марги нобаҳангом моро аз марди содуқи Ватан Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, баҳодури ҷабҳаи зиндагӣ Раҷабов ҷудо сохт. Дӯсти бузургу падари арҷманд тақдири хеш ба замин пайваст. Ҷаваони навхат ба саҳнаи ҳаёт қадам мезад, ки ҷанг сар шуд. Ба ҷабҳа рафт, ба адӯ қирон овард. пирӯзона ба зодгоҳаш омад, сарвари хоҷагӣ гардид. Сидқидилона бо ҳамдиёрон меҳнат кард. Дар футӯҳоти Дилварзин басо ҷанбозиҳо намуд. Фароғат барояш хондану кор будааст. Алвидоъ, устоди арҷманд ! Собиқадори меҳнат Аваз Сафаров, бародархони марҳум. – Шаст сол боз бо устод Раҷабов як ҷо кору зиндагӣ дорам. Қариб рӯзе набуд, кидидор набинем. Ин лаҳза бароям гарон, андӯҳам интиҳо надорад, зеро марг маро аз акоям, устодам, деҳқони забардаст, олим, роҳбари сахтгиру дулсӯз, ҳамбози ғаму шодии мардум ҷудо сохт. Аз даргоҳи Худованд талаби он дорам, ки руҳашон шод, қабрашон пурнуру муаззам гардон. – Нигорона, ёд дорӣ он маросими мутантани бо банда доъкуниро ? – Оре, ҳузур доштам. – Аммо худоро шукр мегӯям, ки ҳарчанд ҳама гирён буданд вале банда хушҳолу дилшод. Ба издиҳом нигариста ҳадиси шариф ёдам омад : агар се саф бо имом ҳафт нафар намозхон дар ҷаноза бошад, кофист, Худованд гуноҳони майит бубахшад. Ва агар намозхон беш нур болои нур будааст. Дуруд Парвардигорро дар ҷанозаи мани пургуноҳ садҳо намозгузор ширкат дошт. Ниҳоят пас аз адои намози ҷаноза “ сафина ” рӯи рӯди пурмавҷи мардум ҷониби қабристон хиромид. Муллонеъмат бо мадади фарзандон “ Бисмиллоҳи ва ало миллати Расулиллоҳ ” гӯён мурдаро аз тобут гирифта, ба лаҳад гузоштанд. Рӯи майитро ҷониби қибла гардониданду ин калимот ба забон оварданд : “ Оллоҳума ло туҳарримно аҷраҳу ва ло тафтано баъдаҳу “ . Дафнкунандагон “ минҳо халақнакум ” хонда ба мушти хоки дар даст дошта дам кунонда, ба рӯю гӯр мерезанд. Худованд дар ин оят мефармояд : мо шуморо аз хок халқ кардем, боз шуморо ба хок бармегардонем ва ниҳоят бори дигар шуморо аз ҳамин хок зинда месозем. Лаҳзаҳои ба манзили охирин ниҳодани марҳум Муллонеъмат баён дштанд : Парвардигоро ба ӯ забони гӯё бахш то аз пурсиши Мункару Накир боз намонад. Пасон дари хонаи охирин девор бардошта, аз хок “ қир ” сохтанд. То ҳаёти навин тани беҷон интизори Рӯзи Ҷазо буд. Сураи “ Таборакаллазӣ ” бихонда, фузуданд : савоьи ин калимоти раббониро ба равони Наврӯзмуҳаммад ҳадя бинмудем, Худованд қабраш пурнур, рӯҳаш шод бидорад. “Омин ё раббалоламин“. Пас аз чанд рӯзи анҷоми маросими азо фарзандон ба сарманзили қиблагоҳ омада, ояте тиловат бинмуданд. Баъд дар болову поини марқади хоксоронаи ӯ ду арча шинонданд. Арчаи ҳамешасабз тасбеҳу зикр гуфта, ба фавтида хушҳолӣ мебахшидааст.