Улмас Ҷамол, шоири “зуллисонайн” даргузашт
Улмас Ҷамол, шоир ва рӯзноманигори узбакзабони Тоҷикистон, ки аз ӯ шоири “зуллисонайн” ё дузабона ном мебаранд, дар 84-солагӣ дар манзилаш даргузашт. Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ шаби 27-уми июн дунёро падруд гуфт.
Улмас Ҷамол зодаи шаҳри Ургути Самарқанд буда, ҳанӯз дар овони хурдсолиаш хонаводаи онҳо ба Сталинободи собиқ, ҳоло Душанбе, кӯчида буд. Ӯ бахши суханшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1963 то 2012 дар нашрияи узбакзабони “Халқ овози” кор мекард.
Нахустин маҷмӯаи шеъраш соли 1969 чоп шудааст. Дар маҷмуъ, бист китоби ӯро нашр кардаанд.
Улмас Ҷамол чаҳор фарзанд ва ҳашт набера дошт. Духтараш Ҷамила, ки хабарнигору тарҷумон буд, соли 2014 даргузаштааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонедЯк хабарнигори телевизиони Ал-Ҷазира аз тири сарбозони исроилӣ кушта шудааст
Як хабарнигори телевизиони Ал-Ҷазира дар ҷараёни амалиёти сарбозони Исроил дар шаҳри Ҷенин дар Канораи Ғарби Рӯди Урдун кушта шудааст.
Ширин Абуаклаҳ, хабарнигори маъруфи фаластинии ин телевизиони арабӣ аз тири туфанг ба ҳалокат расидааст. Телевизиони Ал-ҷазира сарбозони Исроилро ба қатли хабарнигор муттаҳам кард. Дар ҷараёни амалиёт як хабарнигори дигари фаластинӣ маҷруҳ шудааст. Артиши Исроил гуфт, ҳангоми амалиёт зери тирборони сахт қарор гирифтанд ва оташи ҷавобӣ кушоданд.
Дар баёнияи артиш омадааст, ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва фарзияи тир хӯрдани хабарнигорон аз дасти фаластиниёни мусаллаҳ низ тафтиш мешавад.
- Навтаринҳо
- Пешина
Як сокини Файзобод дар ҷанги Украина кушта шудааст
Мақомоти рус хабари марги як сарбози тоҷики артиши Русия дар Украинаро ба пайвандонаш дар ноҳияи Файзобод расондаанд.
Наздикони Алиҷон Сафарови 25-сола, сокини деҳаи Ҷонсӯзи ноҳияи Файзобод, гуфтанд, ки ӯ солҳо боз дар артиши Русия хидмат мекард, вале аз ҳузураш дар Украина хабар надоштанд.
Бар асоси хабаре, ки мақомоти рус ба наздиконаш расондаанд, ӯ рӯзи 8-уми май кушта шудааст. Дар кадом минтақаи Украина ва дар кадом шароит ӯ ҳалок шудааст, номаълум аст. Ҳанӯз нагуфтаанд, ки ҷасади ӯро ба Тоҷикистон меоранд ё на.
Аз ин пеш, рӯзи 23-уми апрел, ҷасади як низомии дигари тоҷиктабори артиши Русияро ба ватан наоварданд ва дар шаҳри Барнаули ин кишвар ба хок супурданд.
Ба гуфтаи пайвандонаш, Абубакр Нозимови 24-сола, рӯзи 12-уми апрел, дар шаҳри Харкови Украина кушта шудааст. Абубакр, рӯзи 15-уми феврал, барои ҷанг дар Украина сафарбар шуда буд.
Аз оғози ҷанги Русия бо Украина хабари марги беш аз даҳ зодаи Тоҷикистон ба наздиконашон расидааст.
Ҷанги Русия бо Украина беш аз ду моҳ боз давом дорад.
Як нашрияи украинӣ чанде пеш рӯйхати низомиёни Русияро расонаӣ кард. Дар ин феҳрист номи наздик ба 6 ҳазор нафаре омадааст, ки аз Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар бораи наздик ба 100 нафари онҳо гуфта шудааст, ки зода ва парвардагони Тоҷикистонанд. Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русияро доранд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ ҷорист.
Сарбози асири украиниро хешонаш дар Тоҷикистон шинохтанд Ҷанги Украина. Сарбози кушташудаи Русияро дар Тоҷикистон дафн карданд Як тоҷики дигар дар ҷанги Украина кушта шуд. ВИДЕО "Рӯйхат дуруст аст, аммо куҳна." Тоҷикон дар куштори Буча даст доранд ё не? ВИДЕО Ду куштаи ҷанги Русия дар Украинаро дар Тоҷикистон дафн карданд. ВИДЕО Хабари марги Хурсандмурод дар Украина "рад шуд", вале ташвиши волидонаш монд. ВИДЕО Навори боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Украина нашр шуд Гузоришҳо аз ҳалокати ду зодаи Дарвози Тоҷикистон дар ҷанги Украина. ВИДЕО- Навтаринҳо
- Пешина
Барои фарзандони низомиҳои дар Украина кушташуда имтиёз медиҳанд
Владимир Путин, президенти Русия фармон дар бораи кӯмаки давлатӣ ба фарзандони низомиҳои русеро имзо кард, ки дар Украина кушта шудаанд.
Дар ин фармон омадааст, фарзандони низомиҳо ва кормандони мақомоти давлатӣ, ки дар "амалиёти махсус" дар Украина ширкат кардаанд ё ширкат мекунанд, барои шомил шудан ба донишгоҳҳо соҳиби имтиёз мегарданд.
Фарзандони низомиҳое, ки дар Украина кушта ё захмӣ шудаанд, метавонанд, бидуни имтиҳон ба донишгоҳҳо шомил шаванд, омадааст дар фармон.
Путин дар ин бора дар гузашти низомӣ дар Майдони сурхи Москва хабар дод. Вай гуфт, ки марги ҳар кадом сарбозу афсар - ин "барои ҳамаи мо мотам аст ва барои наздиконашон зиёни барқарорнашаванда". Ба гуфтаи Путин, "кӯмаки махсус ба фарзандони фавтидаҳо ва маҷруҳон расонида мешавад".
Дар ибтидои моҳи март Путин ваъда дода буд, хонаводаи ҳар кадом низомие, ки дар Украина кушта шудааст, кӯмаки якдафъаина дар ҳаҷми 7,4 млн рубл (муодили тақрибан 107 ҳазор доллар) дарёфт мекунад. Пардохти иловагӣ ба ҳар кадом хонаводаи низомии кушташуда дар ҳаҷми 5 млн рубл (муодили тақрибан 72 ҳазор доллар) сурат мегирад, гуфта буд вай.
Президенти Қазоқистон ба Туркия рафт
Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 10 май бо сафари давлатӣ ба Туркия рафт. Ин нахустин сафари Тоқаев ба Туркия ба ҳайси президенти Қазоқистон аст.
Тоқаевро дар фурудгоҳи шаҳри Анқара ноиб-президенти Туркия Фуат Октай пешвоз гирифтааст.
Сафари Тоқаев дар Туркия ду рӯзро дар бар гирифта, вай бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон мулоқот ва дар форуми тиҷории соҳибкорони Қазоқистону Туркия иштирок мекунад.
Узбекистону Қазоқистон дар бахши кайҳонӣ ҳамкорӣ мекунанд
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев созишномаи байниҳукуматӣ бо Қазоқистонро дар бораи ҳамкориҳои пажуҳишӣ ва истифодаи кайҳон бо ҳадафҳои осоишта имзо кард. Ин созишнома аз ҷониби ҳукуматҳои ду кишвар рӯзи 6 декабр дар Қазоқистон имзо шуда буд.
Аз ҷониби Узбекистон вазорати адлия масъули иҷрои созишнома таъйин шудааст.
Ин созишнома ҳамкориҳои ҷонибҳоро дар бахши пажуҳиш ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо ҳадафҳои осоишта, коркард ва истифодаи абзорҳои кайҳонӣ бо ҳадафи рушди иқтисод, илм, таъмини амният ва рушди иҷтимоии ду давлат танзим мекунад.
Дар доираи созишномаи мазкур Узбекистон ва Қазоқистон метавонанд, барномаҳову тарҳҳои муштаракро таҳия ва амалӣ созанд.
Дар Қирғизистон барои таҳсил дар хориҷ стипендияи президентӣ медиҳанд
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон аз оғози барномаи стипендияҳои байналхалқии "Умеди мардум" хабар дод.
Ҷабборов дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки дар ин бора фармон имзо кардааст. Барнома ба ҷавонони қирғизистоние стипендия пешбинӣ мекунад, ки ба яке аз 100 донишгоҳи радаи аввали дунё барои идомаи таҳсил - магистратура ё докторантура шомил мешаванд.
"Мо ҳоло тасмим гирифтем, соли ҷорӣ 50 стипендия бидиҳем, ки ҳаҷми максималии як стипендия аз 50 ҳазор бештар нахоҳад буд. Авлавият ба бахшҳои техникӣ ва муҳандисӣ дода мешавад, аммо бахшҳои иқтисод ё илмҳои гуманитариро ҳам кӯмак мекунем", - навишт Ҷабборов.
Ба илова, дар Қирғизистон стипендияҳои президентӣ дар ҳаҷми наздики 600 доллар барои донишҷӯёне дода мешавад, ки дар донишгоҳҳои дохили он кишвар таҳсил мекунанд ва дар ҷараёни таҳсил нишондодҳои хуб доранд.
Раиси пешини ширкати "Достон"-ро аз боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ интиқол доданд
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек қарор баровард, ки Алексей Ширшов, раиси пешини ширкати "Достон", аз боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шавад.
Ширшов то 26 май дар ҳабси хонагӣ мемонад.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки Ширшов рӯзи 10 май бо гумони фасодкорӣ дар доираи парвандаи хусусигардонии амволи гаронарзиш дар истироҳатгоҳи "Аврора Плюс" дар вилояти Иссиқкӯли он кишвар боздошт шудааст.
Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, бо ташкили як тавтиа тоҷирон дар якҷоягӣ бо афроди алоҳидаи мақомоти давлатӣ 56 хонаи гаронарзиш ва 27 бӯстонсарои давлатиро ғайриқонунӣ хусусӣ гардонидаанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Алексей Ширшовро яке аз иштирокдорони асосии ин тавтиа унвон кардааст.
Алексей Ширшовро дар доираи моддаи "Фасодкорӣ" боздошт кардаанд.
Ширшовро мушовири молии Максим Боқиев, писари президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев меноманд.
Нигаронии Иттиҳоди Аврупо аз куштори ғайринизомиён дар Панҷшер
Андреас фон Брандт, сафир ва роҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон аз хабарҳо дар бораи куштор ва бадрафторӣ нисбати ғайринизомиён дар Панҷшер нигаронӣ кардааст. Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар як паёми твиттерӣ навишт, "ба хотири даргузашти афроди бегуноҳ дар Панҷшер азо дорем". Оқои Брандт гуфтааст, вазъи пешомада бори дигар нишон медиҳад, ки роҳи ҳалли масъалаи Афғонистон дар фарогир будани ҳукумати Афғонистон аст.
Нигаронии ин мақоми Иттиҳоди Аврупо дар ҳоле садо медиҳад, ки тибқи гузориши расонаҳо, гуруҳи Толибон дар пайи кушта шудани афродашон аз сӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер ва Андароб, шуморе аз афроди ғайринизомиёнро аз хона ва қади роҳ боздошт кардаанд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон кард, ки ҳамлаҳои худро алайҳи Толибон зиёд кардааст. Расонаҳои ҷаҳонӣ аз задухурдҳои шадид миёни неруҳои Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон хабар доданд. Гуруҳи Толибон, ки нуҳ моҳ аст дар Афғонистон ҳукумат мекунад, дар оғоз ин даргириҳоро рад кард, вале баъдан кушта шудани афродашро эътироф намуд.
Тартиби нав барои таксиҳо дар Туркманистон: занон дар курсии пеш нашинанд
Ба кирокашҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон дастур шудааст, ки бо суръати на бештар аз 70 километр/соат ҳаракат кунанд.
Тартиби нав барои кирокашҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон дар як ҷаласа бо иштироки роҳбарони бахши нақлиёти он кишвар рӯзи 6 май садо додааст.
Ба иловаи коҳиши суръати ҳаракат, муқаррар шудааст, ки кирокашҳо набояд бештар аз 3 мусофир бигиранд. Ҳамчунин ба онҳо дастур шудааст, ки дар нишастгоҳи пеши нақлиёт занҳоро, сарфи назар аз ҷавониву куҳансолиашон, нашинонанд.
Дар Туркманистон бори аввал хабарҳо дар бораи манъи нишастани занҳо дар нишастгоҳи пеши мошин охири моҳи апрели соли ҷорӣ расонаӣ шуд. Барои вайрон кардани ин тартиб ҷарима ҷорӣ шудааст.
Нархи гази моеъ дар Ашт арзон шуд, дар дигар ҷо -- гарон. Чаро?
Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд арзиши як литр гази моеъро 5 сомонӣ – 5 сомониву 30 дирам таъин кардаанд, ки дар муқоиса ба минтақаҳои дигари кишвар, аз ҷумла Хуҷанд, як сомонӣ арзонтар аст.
Тоҷирон сабаби чунин фарқи зиёдро шарҳ додан намехоҳанд, вале мегӯянд, фоидаи зиёд ҳам намегиранду зарар ҳам намебинанд. Ноҳияи Ашт бо ноҳияи Попи Узбекистон ҳамсарҳад аст. Иддае тахмин мезананд, ки эҳтимол ин навъи сӯзишворӣ аз кишвари ҳамсоя оварда шавад. Мақомот шарҳ надодаанд.
Ин вазъ дар зеҳни аксари харидорон суолҳоеро халқ кардааст, ки чаро дар як минтақаи дурдасти Тоҷикистон имкони арзонтар фурӯхтани гази моеъ ҳасту дар шаҳру ноҳияҳои наздик ба марказ наметавонанд нархро поинтар кунанд? Дар ҳоле ки ба гуфтаи тоҷирон манбаи интиқоли гази моеъ як сарчашма дорад.
Бештари нақлиёти сабукрав дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд ва болову пойин рафтани нархи ин навъи сӯзишворӣ ба ҷайби аксар мардуми миёнҳол дар кишвар таъсир дорад.
Нархи навъҳои дигари сӯзишворӣ, ба мисли бензину дизел дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, якхела аст.
Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт то ба ҳол маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка, мегирад. Аз чанд сол ба ин тараф мақомот мегӯянд, корхонаи коркарди нафт дар Данғара фаъол мешавад, вале ифтитоҳи он ба сабабҳои гуногун ба дарозо мекашад.
Ба иттилои расмӣ, "Газпромнефт-Тоҷикистон", "Сеганҷ" ва Оҷонсии захираҳои моддӣ дар бозори нафти кишвар саҳми зиёд доранд. "Фароз", ширкати мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз воридкунандаи асосии ин бозор буд. Ширкат ду сол пеш дар номае ба Кумитаи андоз гуфт, ки ба далели тоб наовардан дар бозор барҳам мехӯрад, вале як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ширкат ҳанӯз фаъол аст.