МАКТУБИ КУШОДИ КОРМАНДОНИ СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Муҳтарам Президент, ноадолатиҳои ба вуқуъомада дар низоми судии кишвар имрӯз мо як гурӯҳ кормандони Суди Олии иқтисодӣ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро водор намуд, ки унвонии Шумо муҳтарам Пешвои миллат бо мактуби кушод муроҷиат намоем. Танҳо Шумо метавонед ба ин мушкилии пешомада ҳусни хотима гузоред.
Аз номи кормандони Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ба сомонаи "Ахбор” нусхаи мактуби муштараке расид, ки ба номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ёрдамчиаш дар масоили кадрҳо Асадулло Раҳмон навишта шудааст. Дар ин нома, ки зери он 5 корманди ин додгоҳ имзо кардаанд, аз рафтори раиси Суди олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода шикоят мешавад.
Сомонаи "Ахбор” омода ҳаст назари ҷониби дигари ин қазияро низ нашр кунад.
Вале моҷароҳои як моҳи охир дар атрофи ин болотарин ниҳоди додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар кори роҳбарияташ мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд дорад. Аз ҷумла марги мармузи судя Раҳмат Исматзода, ки шаби 9 декабр аз ошёнаи чорум ба замин афтод ва бархе онро худкушӣ медонанд, аз судяҳо барои сохтани як майдончаи варзишӣ талаб кардани 18 ҳазор сомонӣ, ки мавзӯи як шикояти дигар аз Мавлуда Қаландарзода шуд, аз намунаҳои вуҷуди мушкилот дар дохили Суди олии иқтисодии Тоҷикистон мебошанд.
Матни номаи кормандони Суди олии иқтисодӣ ба президентро инҷо пурра чоп мекунем:
Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон
Нусха: Ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ Асадулло Раҳмон
Муҳтарам Президент, ноадолатиҳои ба вуқуъомада дар низоми судии кишвар имрӯзҳо мо як гурӯҳ кормандони Суди Олии иқтисодӣ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро водор намуд, ки унвонии Шумо муҳтарам Пешвои миллат бо мактуби кушод муроҷиат намоем. Намехоҳем мактуби кушодаи мо боиси озурдахотирии Шумо гардад, вале танҳо Шумо метавонед ба ин мушкилии пешомада ҳусни хотима гузоред.
Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Шумо пайваста дар баромаду вохуриҳои худ дар мавриди сиёсати кадрӣ сухан ронда, аз дастгирии ҳамешагии кадрҳо таъкид менамоед.
Раиси навтаъини Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда баъди аз ҷониби Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба ин мақом таъин гардиданаш фазои носолимеро дар ин мақом ба вуҷуд оварда, боиси ташвиши зиёди рӯҳӣ ва маънавии кормандони пуртаҷрибаи ин шохаи ҳокимият гардидааст.
Хабарҳое, ки имрӯзҳо оиди кирдорҳои Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда ба гуш мерасад, асоси воқеӣ дошта бо далелҳо тасдиқ шуда, қонунӣ мебошанд.
Ҳамзамон, аз Шумо муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандем, ки дар самти ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти дахлдори давлати аз ҷумла макомоти судӣ ба мақомотҳои махсуси дахлдори давлатӣ барои (хулосаҳои мусбӣ) пешниҳод намудан дастур медодед, хусусан нисбати шахсони ба вазифа таъиншаванда ҳолатҳои мавҷуд будани маълумотҳои бадномкунанда, алал хусус доѓи судӣ доштани наздикони онҳо дуруст санҷида мешуд, мувофиқи мақсад мебуд.
Ҳамзамон, қайд кардан зарур аст, ки бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М. номзадии судяи ҳамин суд Комилӣ (Нозилов) Файзалӣ ба мансаби Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуд ва аз ҷониби Шумо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2017 ин шахс ба мансаби муовини Раис таъин гардид.
Ҳол он, ки соле нагузашта, писари Комилӣ (Нозилов) Файзалӣ – Нозили Файзализод барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаи 247 қисми 3 бандҳои "б,в” ва 340 қисми 2 бандҳои "б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳкор дониста шуда, 20 апрели соли 2017 бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур маҳкум шудааст.
Ҳукми мазкур аз тарафи Суди шаҳри Душанбе низ дастгирӣ ёфта, бетаѓйир гузошта шуда буд. (нусхаи Ҳукмро метавонед аз ҳамин суд талаб намуда санҷед)
Ба ин нигоҳ накарда, Комилӣ Файзалӣ ба воситаи ошноҳояш тариқи суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми қонунӣ ва асосноки суди ноҳияи Шоҳмансурро бекор карда, парвандаи ҷиноятиро нисбати писараш такроран барои баррасӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансур фиристода, аз ваколатҳои мансабияш истифода намуда, ба суди ноҳияи Шоҳмансур фишор оварда, парвандаи ҷиноятиро нисбати писараш қатъ намуданд.
Комилӣ Файзалӣ ба ин қонеъ нагардида, дар миёни кормандон бо ифтихор мегуяд, ки дар ҳама мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ шиносҳояш ҳаст ва ӯро касе чизе гуфта наметавонад.
Ба ҷинояти содир намуда ва доғи суди доштани фарзанди Комилӣ Ф. нигоҳ накарда, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М. Бо маслиҳати пешаки номзадии ӯро ба мансаби Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.
Ба ҳамин мисол монанд соли 1999 нисбати Муовини тоза интихоби Раиси Суди олии иқтисодии ҶТ Аминов Зокир Тоҳирович, парвандаи ҷиноятӣ оѓоз шуда буд, ин шахс муддати қариб як сол дар ҳабси пешакӣ қарор дошт. Ҳамчунин ҷиянаш Аминов Дилшод Судяи суди ноҳияи Сино барои содир намудани ҷиноят дастгир ва ба ҳабс гирифта шуда, бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудааст.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М. номзадии Аминов З.Т.-ро дастгирӣ намуда, бо пешниҳоди вай Аминов З.Т. Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ба гуфтаи худи Муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилӣ Ф. ва Аминов З.Т. новобаста аз ҷиноятҳои содир намудаи онҳо ва хешовандони наздикашон, мақомотҳои давлатӣ номзадии онҳоро ба мансабҳои роҳбарикунанда, дастгирӣ ва нисбаташон хулосаҳои мусбӣ додааст.
Мутаасифона чунин ҳолатҳо рӯҳияи дигар кормандонро шикаста, боиси ифодаёбии духурагии Қонун мегардад.
Мақомотҳои дахлдор, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Вазорати корҳои дохилӣ ҳангоми пешниҳоди (хулоса) маълумотҳои нисбати ин нафаронро дар мавриди ҷой доштан ё надоштани маълумотҳои иснодоваранда чи гуна тафтиш намуда санҷида бошанд?
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки Қонун барои ҳама як набудааст. Ба унвонии мисол, роҳбари Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Файзуллоев) Қаҳорзода Ҷ., ки то ҳол дар ин мансаб фаъолият дорад.
Падари Қаҳорзода Ҷ. барои содир намудани ҷиноят доѓи судӣ дорад. Корманде, ки падараш барои содир намудани ҷиноят доѓи судӣ дорад, чӣ гунаметавонад дар мақомоте, ки шохаи ҳокимияти давлатӣ бошад кору фаъолият намояд?
Ҳол он, ки мутобиқи талаботи сархати 3, қисми 2, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвакатура ва фаъолияти адвокатӣ” шахсе, ки барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад, наметавонад ҳатто соҳиби мақоми адвокати гардад.
Дар қисми 1, моддаи 6 ҳамин Қонун омадааст, ки адвокатура ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, ба низоми мақомоти давлатӣ дохил намешавад.
Мувофиқи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти судӣ яке аз шохаҳои асоси ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар мансабҳои судягӣ, алалхусус дар сатҳи роҳбарияти ин шохаи ҳокимияти давлатӣ кору фаъолият доштани чунин нафарон ба монанди Қаландарзода М. Комилӣ Ф., Аминов З.Т., Қаҳорзода Ҷ. ва дигарон, ки аслан ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ба обрӯ ва нуфузи ин мақомот иснод оварда, боварии мардумро ба давлату ҳукумат коста мегардонад.
Агар дар пешбарӣ ва таъини намудани кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти судӣ ҷой доштан ё надоштани маълумотҳои иснодоваранда (маҳкум шудан, доғи суди доштани хешовандони наздик) монеагӣ эҷод накунад, пас чаро, ки собиқ судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Додарбеков У. ҳангоми аз ҷониби писари ӯ содир гардидани ҷиноят соли 2009 Додарбеков У аз мансаби судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намуданд.
Ё ин ки мисоли рӯшани дигар, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Буриев А., ки зиёда аз 25 сол собиқаи кории касби дошт, ҳангоми фаъолияти меҳнатии судягиаш ду ва ё се парвандаи ҷиноятиро барои ба тафтиши иловагӣ баргардонидан. Прокуратураи генералии ҶТ барои ин амалаш нисбати Буриев А маълумотномаи (хулосаи) манфӣ пешниҳод намуда барои дубора ба вазифаи судягӣ интихоб нагардидан асос гардида буд. Оё ҳамин аст адолат ва санҷиши беғаразона?
Чунин мисолҳо кам нестанд, вале адолат бояд дар мадди аввал бошад.
Муҳтарам Пешвои муаззами миллат, хоҳишмандем масъалаи мазкурро дар ҷаласаи Шӯрои амният баррасӣ намоед.