Таърихи пурсаъодати Паёмбари ислом(с) Нахустин сокинони Макка ва сохтмони хонаи Каъба
Пеш аз он ки дар бораи чӣ гуна аввалин бор дар Маккаи мукаррама сукунат ихтиёр кардани мардум ҳарф занем, бояд дар бораи баъзе аз қавмҳое, ки ба сарзамини Ҳиҷоз ҳиҷрат намудаанд, маълумот дошта бошем, чун дар оянда донистани он ба мо кӯмак мекунад, ки баъзе аз аслу решаи қабилаҳоро ба осонӣ пай бибарем.
Мо дафъаи гузашта дар мавзӯъи қавмҳои араб , дар бораи дучори даргириҳо шуда, ҳиҷрат намудани қабилаи Каҳлон ишора карда будем.
Муҳоҷирони қабилаи Каҳлонро метавон ба чаҳор даста тақсим кард:
1- Бани Азд , ки ҳиҷраташон мутобиқи раъйи сарварашон Умрон ибни Амр буд. Онҳо дар сарзамини Яман аз ин сӯй ба он сӯй мекӯчиданд. Шарҳу тафсили маконҳое, ки дар ниҳояти пас аз кӯчидан дар он ҷойҳо сукунат мекарданд чунин аст:
* Умрон ибни Амр дар Уммон бор афканд ва бо фарзандонаш дар онҷо сукунат ихтиёр кард, ки инҳо «Азди Уммон» ном доранд.
* Бани Насас ибни Азд дар Таҳома иқомат карданд ва “Азди Шануъа» ном доранд.
* Саълаба ибни Амри Музайқиё ба самти Ҳиҷоз реҳлат намуда, дар наздикиҳои Зийқор сукунат мекунад. Вақте фарзандонаш бузург мешаванду қуввати сафар пайдо мекунад, роҳи Ясрибро (Мадинаи Мунаввара) пеш гирифт ва дар онҷо иқомат ихтиёр намуда, Ясрибро ватан қарор дод, ки Авс ва Хазраҷ, писарони Ҳориса ибни Саълаба аз фарзандони ҳамин Саълабаанд. Баъдтар дар таърих қабилаҳои Авс ва Хазраҷ ба миён меоянд, ки таърихи Ислом аз онҳо бештар ёд кардааст.
* Ҳориса ибни Амр, ки ҳамон Хузоъа будааст. Бо фарзандонаш ҳарамро фатҳ намуда, дар Маккаи Мукаррама сукунат ихтиёр карданд ва сокинони пешини он, Бани Ҷурҳумро овора гардониданд.
* Ҷафна ибни Амр аз Ҳиҷоз ба сӯи Шом роҳ гирифт, ва бо фарзандонаш дар онҷо иқомат ихтиёр кард. Падари Ҷафна аз подшоҳони Оли Ғассон аст. «Ғасосина» ин лақаби обкашҳо дар Ҳиҷоз будааст, ки онҳо ба обкашӣ маъруф будаанд ва ба худ «ғассон» ном гирифтаанд. Қабилаҳои хурде низ, ба онҳо пайваста, ба атрофи Ҳиҷоз ва Шом ҳиҷрат карданд, монанди: Каъб ибни Амр, Ҳорис ибни Амр ва Авф ибни Амр.
2- Лахм ва Ҷузом , ба шарқу шимол кӯч бастанд. Назр ибни Рабеъ- падари Манозира, подшоҳони Ҳира, аз ҳамин лахмиён мебошанд.
3- Бани Тайӣ , бо кӯч кардани Азд ба самти шимол ба роҳи худ идома доданд то билохира дар доманакӯҳҳои Аҷъо ва Салмо иқомат гузиданд ва ин ду кӯҳ низ дар оянда бо номи Тайӣ машҳур шудаанд.
4- Бани Кинда , дар Баҳрайн сукунат ихтиёр карданд. Аммо ногузир шуданд онҷоро тарк кунанд ва дар Ҳазармавт бор афканданд. Дар онҷо низ натавонистанд мӯҳлати зиёд биистанд ва ба Наҷд раҳсипор шуданд. Дар Наҷд фармонравоии бошукӯҳе тартиб доданд, аммо, хеле зуд табоҳ шуданд ва осорашон аз миён рафт.
Қабилаи дигар Хузоъа аз Яман муҳоҷират ихтиёр карда, дар биёбони Самова, дар Ҳумаи Ироқ иқомат гузид. Баъзе аз авлодони онҳо низ дар атрофи Шом ва минтақаҳои шимоли Ҳиҷоз сукунат ихтиёр кардаанд.
Араби мустаъраба
Чуноне, ки дар боло гуфтем, араби мустаъраба касоне ҳастанд, ки худ дар асл араб набуданд. Асосан инҳо фарзандони Исмоил алайҳиссалом мебошанд…
Зодгоҳи ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом, падари ҳазрати Исмоил сарзамини Ироқ буд, шаҳре, ки онро Авр меномиданд. Ин шаҳр дар соҳили Фурот, дар наздикии шаҳри Куфа буд. Имрӯза ковишҳо ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносон маълумотҳои зиёдеро дар иртибот бо ин шаҳр, ҳамчунин хонадони ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом, аҳволи динӣ ва иҷтимоии ин сарзамин ба даст овардаанд.
Машҳур аст, ки Иброҳим алайҳиссалом аз ин шаҳри номбурда ба Ҳорон ё Ҳуррон муҳоҷират кард ва аз онҷо ба Фаластин раҳсипор гардид ва Фаластинро пойгоҳи даъвати хеш қарор дод. Сафарҳое низ ба гирду атрофи он сарзамин ва дигар сарзаминҳои дуру наздик дошт. Дар яке аз ҳамин сафарҳо буд, ки Иброҳим алайҳиссалом ба дарбори яке аз подшоҳони ситамгар ворид шуд. Ҳамсараш Сора алайҳоссалом ҳамроҳаш буд. Сора яке аз зеботарин занони замони хеш буд. Подшоҳ хост ба Сора бо найранге наздикӣ кунад, аммо Сора ба даргоҳи Худованди мутаол дуо кард ва Худованди субҳон найранги подшоҳро бар синаи худи ӯ кӯбид. Подшоҳи ситамгар дарёфт, ки Сора зане солеҳа аст ва назди Худо мақоме воло дорад. Аз ин рӯ, ба поси фазилати Сора ё аз тарси Худо, подшоҳ Ҳоҷар ном як канизи зебову хушандом ва хушахлоқро ба канизӣ ба Сора бахшид. Сора низ Ҳоҷарро ба Иброҳим алайҳиссалом тақдим кард.
Иброҳим алайҳиссалом ба пойгоҳи даъвати хеш ба Фаластин бозгашт. Он гоҳ Худованди мутаол аз Ҳоҷар фарзанди писаре ба номи Исмоил ба ӯ рӯзӣ фармуд. Ин рӯйдод мӯҷиби ҳасодати Сора гардид ва кор ба ҷое расид, ки Иброҳимро Сора водор кард то Ҳоҷарро бо писари ширхорааш Исмоил ба ҷое дурдаст бибарад.
Иброҳим алайҳиссалом Ҳоҷар ва фарзандаш Исмоил алайҳиссаломро ба сарзамини Ҳиҷоз бурд. Дар биёбони беобу алафи атрофи Байтуллоҳ онҳоро монд. Дар он рӯзгор, ҳанӯз осоре аз Байтуллоҳ — Хонаи Каъба ба ҷуз қисмате баромада аз замин, ҳамонанди як теппа набуд. Селобҳо ба он теппа мерасиданд ва аз самти чапу рости он мегузаштанд. Ҳоҷар ва Исмоил зери сояи дарахте болои чашмаи замзами шариф, ки он вақт аз чашма асаре набуд, қарор гирифтанд. Дар он рӯзгор дар Макка ягон нафар сокин набуд, дар Макка об ҳам набуд. Ҳазрати Иброҳим ҳамёни пур аз хурмо ва машки пур аз об назди онҳо ниҳод ва худ ба Фаластин бозгашт.
Чанд рӯзе беш нагузашт, ки обу озуқаи Ҳоҷару Исмоил тамом шуд. Дар он вазъияти буҳронӣ чашмаи замзам ба фазли Худованд шикофта шуд ва бар рӯи замин ҷушида баромад. Оби замзам то муддатҳое василаи таъмини қуввату ғизо ва рӯзгузаронии онҳо гардид, ки достони он машҳур ва тӯлонӣ аст.
Яке аз қабилаҳои аҳли Яман ба номи Ҷурҳум баъди онҳо ба Макка меоянд. Ба хотири вуҷуди об бо иҷозаи модари Исмоил сокини Макка мешаванд. Гуфта мешавад, онҳо пеш аз он дар биёбонҳои атрофи Макка сукунат доштанд. Ривояти имом Бухорӣ бар ин матлаб омадааст, ки қабилаи Ҷурҳум пас аз иқомат ихтиёр намудани Ҳоҷару писараш Исмоил дар Макка, «пеш аз он ки Исмоил ба синни ҷавонӣ бирасад дар Макка сокин шудаанд».
Иброҳим алайҳиссалом, гоҳ-гоҳ ба Макка сафар карда, аз ҳоли хонаводааш хабар мегирифт. Теъдоди ин сафарҳо маълум нест. Манбаъҳои мӯътабари таърихӣ ҷамъан чаҳор маротиба аз ин сафарҳоро барои мо сабт кардаанд:
Сафари якум: Худованди мутаол дар Қуръони карим ёдовар шудааст, ки Иброҳим алайҳиссалом дар хобаш мебинад, ки машғули сар буридани Исмоил аст. Иброҳим алайҳиссалом хеле ҳазрати Исмоил алайҳиссаломро дӯст медошт. Аммо аз натиҷаи хобаш фармони илоҳиро таъбир мекунад ва раҳ сӯи Макка мегирад то фармони Худоро ба ҷо оварад:
فَلَمَّا أَسْلَمَا وَتَلَّهُ لِلْجَبِينِ
Чун ҳар ду таслим шуданд ва ӯро ба пешонӣ хобонид
وَنَادَيْنَاهُ أَن يَا إِبْرَاهِيمُ
Мо нидояш додем: «Эй Иброҳим
قَدْ صَدَّقْتَ الرُّؤْيَا ۚ إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ
Хобатро ба ҳақиқат пайвастӣ ва Мо некӯкоронро чунин мукофот медиҳем .
إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ الْبَلَاءُ الْمُبِينُ
Ин озмоише ошкор буд .
وَفَدَيْنَاهُ بِذِبْحٍ عَظِيمٍ
Ва ӯро ба забҳе бузург бозхаридем
وَتَرَكْنَا عَلَيْهِ فِي الْآخِرِينَ
Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем .
(Қуръони карим, сураи Соффот, оятҳои 103-108)
Дар Сифри Таквини Таврот ( Сифри Пайдоиш ва ё Таквин (книга Бытия), ки дар он дар бораи офариниши ҷаҳони ҳастӣ, халқи одам ва нахустин гуноҳи вай, тӯфони бузург ва саргузашти паёмбароне чун Нӯҳ, Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб гузориш дода шуда, бо зикри достони Юсуф ва муҳоҷирати хонадони Яъқуб ба Миср ба поён расидааст ) омадааст, ки Исмоил сездаҳ сол бузургтар аз бародараш ҳазрати Исҳоқ буда, заминаи баёни достони забҳ бар он далолат дорад, ки пеш аз таваллуди Исҳоқ алайҳиссалом рӯй додааст. Зеро, муждаи таваллуди Исҳоқ пас аз он ки достон ба таври комил оварда мешавад, меояд.
Ин достон яке аз сафарҳои Иброҳим ба Маккаро пеш аз расидани Исмоил ба синни ҷавонӣ дар бар дорад.
Се сафари дигари ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом ба Маккаро имом Бухорӣ бо тӯли тафсил ба ривояти ибни Аббос (Аллоҳ аз у розӣ бошад) аз ҳазрат Расули акрам (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нақл кардааст. Хулосаи он ривоят чунин аст:
Сафари дуюм: Исмоил алайҳиссалом ба синни ҷавонӣ расид ва забони арабиро аз қабилаи Ҷурҳум фаро гирифта, мавриди писанду қабули онҳо гардид. Бани Ҷурҳум зане аз қабилаи худро ба ҳамсарии Исмоил доданд. Модари Исмоил вафот кард. Иброҳим тасмим мегирад, бори дигар ба дидори хонаводааш биравад. Вақте, ки ба Макка расид, Исмоилро наёфт. Аз ҳамсараш ҳоли ӯро пурсид ва авзоъи зиндагонии онҳоро ҷуё гардид. Ҳамсари Исмоил аз сахтии рӯзгор ва тангии аҳволи зиндагӣ гила кард. Ҳазрати Иброҳим ба ӯ сипориш дод, ба Исмоил бигӯяд, ки остонаи хонаашро ҷо ба ҷо кунад!
Исмоил муроди падарашро дарёфт ва ҳамсарашро талоқ дод. Ҳамсари дигаре гирифт. Бештари таърихшиносон бар онанд, ки ин ҳамсари дувум, духтари Мизоз ибни Амр, бузургу раиси қабилаи Ҷурҳум будааст.
Сафари сеюм: Бори дигар, Иброҳим ба Макка омад. Исмоил ҳамсари нав гирифта буд. Иброҳим дар ин сафар низ Исмоилро надид, аммо пеш аз бозгашт ба Фаластин аҳволи ӯро аз ҳамсараш пурсид ва вазъи зиндагонии ононро ҷӯё шуд. Ҳамсари Исмоил ҳамду санои илоҳӣ ба ҷой овард ва ибрози хурсандӣ кард. Ҳазрати Иброҳим низ тавассути ӯ барои ҳамсараш Исмоил паём дод ва фармуд, ки ба ҳамсараш бигӯяд, остонаи дари хонаашро устувор гардондааст.
Сафари чорум: Як бори дигар низ, Иброҳим ба Макка омад. Ин бор Исмоилро дар ҳоле дид, ки зери сояи дарахте наздики чоҳи замзам машғули тарошидани тир барои худ буд. Ҳамин ки он ҳазратро дид, пеши пойи ӯ бархост ва падару писар якдигарро ба оғӯш кашиданд. Ин дидору мулоқоти онҳо пас аз фироқу ҷудоиҳои тӯлонӣ барояшон муяссар гашт. Ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом аллакай солхурда шуда буд.
Дар ҳамин сафар буд, ки Иброҳим ва Исмоил, падару писар хонаи Каъбаро бино ниҳоданд ва пояҳои онро барафроштанд. Иброҳим алайҳиссалом тибқи фармони Худованди субҳон мардумро барои адои ҳаҷ фаро хонд.
Омилҳои рӯйоварии нухбагони мусалмон ба сиёсат
Таърихи пурсаъодати Паёмбари ислом(с) Ақвоми араб
Матолиби ҳамсонАЪМОЛИ ПАЁМБАР ДАР ДАҲАИ ОХИРИ РАМАЗОН
Гуё ҳамин дирӯз буд, ки омад-омади моҳи Рамазонро ба ҳамдигар мужда медодему барояш омодагӣ мегирифтем, имрӯз бошад, Рамазон бо рӯзҳои вопасини худ кам-кам дорад бо мо худоҳофизӣ мекунад.
Онҳое, ки қадри ин рӯзҳои бошумори моҳи раҳматро донистанд, дар ҳақиқат бурд карданд ва онҳое, ки ин рӯзҳои беназири солро қадрдонӣ накарданд, зиён диданд ва касоне ҳам ҳастанд, ки барои аз даст додани рӯзҳои гузаштаи Рамазон ва ғанимат надонистани фурсати тоату ибодат ангушти ҳасрату надомат мегазанд.
Ҳоло бошад, дар ин мақолаи кутоҳ мехоҳам ба шумоён мужда диҳам, ки ҳанӯз на ҳама фурсатҳо аз даст рафтаанд. Даҳаи охири Рамазон дар дами дарвозаи мост ва ҳанӯз ҳам барои ибодатҳои накардаамон, дуоҳои нагуфтаамон ва розҳои ба Парвардигор иброз накардаамон фурсат дорем.
Пас, биёед бубинем, ки пешвоямон Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ин даҳаи охирро чи гуна сипарӣ мекарданд, то ки мо низ аз он бузургвор пайравӣ кунем ва фурсатҳои аз даст додаи худро дар ин рӯзҳои вопасин дубора ба даст оварем.
Ҳазрати Оиша модарамон разияллоҳу анҳо мугӯянд:
«كان رسول الله صلى الله عليه وسلم يجتهد في العشر الأواخر ما لا يجتهد في غيره» «رواه مسلم»
Паёмбар салаллоҳу алайхи ва саллам дар даҳаи охири Рамазон чунон бо ҷидду ҷаҳд ибодат мекарданд, ки дар дигар рӯзҳо ин гуна бо ҷидду ҷаҳд ибодат намекарданд. (Саҳеҳи Муслим)
Албатта, Паёмбар дар ғайри Рамазон низ ҳамеша пойбанди ибодат буданд. Бо фарорасии Рамазон ибодаташон меафзӯд, дар даҳаи охири Рамазон бошад, тарзе ибодат мекарданд, ки бештар аз ибодати тамоми сол буд. Тамоми шабҳои охири Рамазонро бо ибодат шабзиндадорӣ мекарданд ва ҳатто аҳли хонаводаи худро амр мекарданд, ки бедор шаванд ва шабҳои даҳаи охирро бо ибодат сипарӣ кунанд.
Дар ҳадиси дигар ҳазрати Оиша мегӯянд:
«كان رسول الله صلى الله عليه وسلم إذا دخل العشر أحيا الليل وأيقظ أهله وجد وشد المئزر». متفق عليه.
Ҳар гоҳе, ки даҳаи охири Рамазон фаро мерасид, Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам шабҳоро бо ибодат зинда медоштанд, аҳли хонаводаи худро барои ибодат бедор мекарданд ва ҳатто дар ин даҳ рӯзи охир худро аз ҷимоъ кардан (ҳамхобагӣ бо ҳамсар) дур нигоҳ медоштанд. (Муттафақун алайҳ)
Паёмбар на танҳо ҳамсарони худ, балки духтару домоди худ Али ва Фотимаро низ дар ин шабҳо бедор мекарданд. “ Магар шумо намоз намехонед бедор шавед” гӯён духтараки худро бедор мекарданд.
Таваҷҷӯҳи аз ҳад зиёди Паёмбар ба даҳаи охир нишогари он аст, ки ин шабҳо дорои фазилатҳоест, ки ҳаргиз дар шабҳои дигари сол вуҷуд надорад. Амалҳое, ки дар ин шабҳои бошумор карда мешавад, дар назди Аллоҳ аҷру подошеро дорост, ки дар замони дигар ин аҷру подошро наметавон ба даст овард. Барои ҳамин буд, ки Паёмбар ин шабҳоро комилан бо бедорхобӣ ва тоъату ибодат сипарӣ мекарданд.
Намозҳои бо хушӯъ, тиловати Қурон, зикри Парвардигор, тасбеҳу истиғфор ва дуову розу ниёз бо Холиқ инҳо ҳама ибодат ҳастанд. Паёмбар дар шабҳои охири Рамазон то дамидани субҳ ибодат мекарданд ва пайвандони худро низ амр мекарданд, то қадри ин шабҳоро бидонанд шабҳое, ки хеле зуд мегузаранд, вале амалҳои ин шабҳо дар номаи аъмоли бандагон то абад боқӣ мемонад ва баракати дуоҳои дар ин шабҳо гуфташуда кулли зиндагии инсонро метавонад тағйир диҳад.
Яке аз фазилати бузурги ин шабҳо дар он аст, ки шаби Қадр дар дохили ин шабҳои охир аст. Алалхусус дар шабҳои тоқааш. Аз Ибни Аббос ривоят аст, ки Паёмбар алайҳи салом мегӯянд:
عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ قَالَ قَالَ عُمَرُ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مَنْ كَانَ مِنْكُمْ مُلْتَمِسًا لَيْلَةَ الْقَدْرِ فَلْيَلْتَمِسْهَا فِي الْعَشْرِ الأَوَاخِرِ وِتْرًا
Ҳар касе, ки аз шумо мехоҳад шаби қадрро дарёбад, дар шабҳои тоқаи даҳаи охирон ҷӯстуҷӯ кунад. ( Муснади Аҳмад)
Шаби қадре, ки амалҳои солеҳи он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар аст, дар яке аз шабҳои тоқаи даҳаи охири Рамазон пинҳон аст, бояд барои даёфти ин шаби бузург ҳар як мусалмон кушиш кунад.
Аҷибаш он аст, ки Паёмбари Аллоҳ бо вуҷуди он, ки фиристодаи Аллоҳ буданд ва гуноҳҳояшон бахшида шудаву худашон ба Ҷаннат башорат шуда, ин шабҳоро то субҳ бо ибодат мегузарониданд. Илова бар ин Паёмбар як инсони оддӣ набуданд, сарвари қавм, қозии мусалмонон, сарлашкари ислом ва албатта халифаи замони худ буданд. Бо ин ҳама серкорӣ, ин шабҳоро зинда медоштанду ҳаргиз аз фазилату баракати ин шабҳо бебаҳра намемонданд. Аҳли байти Паёмбар низ ба шафоъати Паёмбар такя накарда, ин шабҳоро ҳатто пас аз вафоти Паёмбар низ бо тоъату ибодат сипарӣ мекарданд.
Имрӯз ҳоли моро бубин, ҳатто нафароне, ки комилан бекор ҳастанд, тавфиқи бедорхобии ин шабҳоро надоранд. Нафарони зиёди дигаре ҳам ҳастанд, ки ба ҷойи ин шабҳоро бо хилвату ҳамрозӣ бо Аллоҳ гузаронанд, дар даст телефон бо тамошои наворҳои бемаъниву беҳадаф сипарӣ мекунанд. Иддае ҳам ҳастанд, ки кори дунёро авлотар аз шабзиндадории ин шабҳои бобаракат медонанд ва мегӯянд, шароити корамон иҷозат намедиҳад, ки ин шабҳоро бо ибодат гузаронем.
Кош ҳар сол барои худ ҳадаф мегузоштем, ки ҳар чи бодо бод, даҳаи охирони Рамазонро ман танҳо барои ибодат махсус мекунам ва дар як сол фақат ҳамин даҳ рӯз бошад ҳам ба ҷуз ибодати Аллох ба чизи дигаре машғул нахоҳам шуд, ана он вақт ваъдаи Аллоҳ муҳаққақ мегашт ва Аллоҳ аз ҷойҳое, ки банда ҳатто тасаввурашро надорад ризқу фаровониро насиб мегардонид.
Аллоҳ дар китобаш мегӯяд:
وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجًا * وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لَا يَحْتَسِبُ وَمَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ
«Ҳар касе, ки тақворо пеша кунад Аллоҳ барои ӯ кушоиш медиҳад ва аз ҷойе, ки ҳатто тасаввур намекард ризқ медиҳад ва ҳар касе, ки ба Аллоҳ таваккал кард Аллоҳ ӯро басанда аст тамоми корҳои ӯро Худаш ба уҳда мегирад.» (Сураи Талоқ ояти 1 ва 2)
Оре, замоне, инсон ба қудрати Аллоҳ сад дар сад яқин кард ва такя ба худи Холиқаш намуду ибодатро болотар аз умури дунё қарор дод, бидуни шак нусрату баракати Парвардигор ӯро фаро мегирад. Ин буд сирри он ҳама фатҳу пешравии мусалмонони пештара, асҳоби Паёмбару бузургони пас аз онҳобуда. Ҳамеша силоҳи аслияшон, қуввату захираашон ибодатҳои бериёву дуоҳои нисфаи шаб буд ва субҳи фардо бо баракати аъмолашон ба мартабаҳое ноил мегаштанд, ки дигарон аз комёбии онҳо ба ҳайрат меафтоданд.
Имрӯз ба ҳоли мо бингар, ҳатто даруни хонаи худ беқарору нобасомонем, дар назди заъифтарин душман беқудрату нотавонем, оддитарин мушкилӣ моро шикаста пора месозад, на барои он, ки заъифу нотавон моро сохтанд, балки аз он, ки руҳияи мо хароб аст, худро аз ғазои маънавӣ маҳрум ва аз ибодатҳои холисона бенасиб кардаем. Равони мо аз телефону интернет ғазо мегирад, ҷисми моро ба ҷойи ибодат тамошои наворҳои бемаъно хаста мекунад. Мӯниси шабҳои торамон бошад, сӯхбатҳои олами маҷозӣ аст, ки ба ҷуз ҳасрату надомат ҳеҷ суде аз он набардоштем.
Пас, биё бо ҳам тасмим гирем, ки ин шабҳои вопасини пур аз файзу раҳмати Парвардигорро бо тоъату ибодати холисона ва розу хилват бо Парвардигор сипарӣ кунем, бо умеди он, ки раҳмату ризои Аллоҳ, иззату сарбаландӣ ва саодати дорайн насибамон гардад.
Ишқи пок ё хиёнати ошкор
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Мавзӯъи имрӯзаи мо оиди чизест, ки дар намуд ё гуфтан хеле оддӣ ва ҳатто на он қадар муҳим менамояд, аммо дар асл хеле ҷиддӣ мебошад. Ин мавзӯъи ишқи пок ё хиёнати ошкор аст. Маҳз ҳамин мавзӯъ ё худ ишқе, ки дар ном ишқ аст, аммо паси пардаи хиёнат пинҳон шудааст, сабаби беобрӯ шудани садҳо духтарони ҷавон мегардад. Ҳазорон падару бародаре, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд,чун ба хонаашон бармегарданд, ангуштшумори мардум мегарданд. Духтарро дар оила бо ҳазорон орзу ба воя мерасонанд, аз рӯзи аввали таваллудаш бо ҳазорон умеди нек бузургаш мекунанд, вале вақте духтар бузургтар шуда, ба синни балоғат расид, дар сари роҳе ё паси деворе як нафари номусдузд, он нафаре, ки чӣ будани шарафу номусу хиёнатро намедонад, аз ҷое омада, худашро, ҳамчун шоҳзодаи савори аспи сафед ба духтарак муаррифӣ мекунад. Он қадар духтари соддаву хоксорро фиреб мекунад, ки духтар ҳозир мешавад тамоми дунёи худро, обрӯи худро, номуси падару модари худро, тамоми ҳастиашро фидои ин ноҷавонмарде кунад, ки дузди номус аст. Дере нагузашта мебинед, ки байни мардум шоеаҳои зиёд пайдо шудаанду духтар ҳар шаб гиря мекунад.
Духтарони зиёде ҳастанд, ки ба худкушӣ даст задаанд, ҳар рӯз чунин як хабарро мешавад аз сомонаҳои интернетиву аз хабарҳои кӯчаву мардум бишнавед. Пас сабаби ҳамаи ин мусибатҳову мушкилиҳо чист? Аз куҷо сар мезанад? Чаро мардум ин хиёнатро ишқу муҳаббат медонанд? Чаро касе дар бораи ин, ки ин ишқ нест, хиёнат аст, дуздии номуси духтари мардум аст, сӯҳбат намекунад? Ҳама гумон мекунанд, ки ин ҳамон ишқи поки Лайливу Маҷнун аст, ишқест, ки дар филмҳо мебинем ё дар китобҳо мехонем. Ҳама медонем, ки ҷуз расвоӣ чизи дигаре нест, барои ҳамин бояд аз наздик бо ин мавзӯъ шинос шавем. Оё шариат иҷозат медиҳад, ки ин гуна ишқҳо вориди хонадони мо шаванд? Чаро дар ин бора фикр намекунем ва вақте кор аз кор гузашт, мегӯянд духтар бероҳа шуду мо бехабар мондем? Оё дар дини Ислом ишқ вуҷуд дорад ё на? Шариат дар ин бора чӣ мегӯяд?
Пеш аз ҳама бояд донист, ки тамоми китобҳое, ки онҷо калимаи» ишқ» навишта шудааст, аз муҳаббат фарқ мекунад. Худи муаллифи китоби» Равзатул муҳиббин ва нусҳатул муштоқин» , ки ибни Қайими Ҷавзӣ аст, мегӯянд: » Ҳаргиз муҳаббатро бо ишқ омехта накунед, муҳаббат чизест ки як нафарро он қадар дӯст медорӣ , ки ҳозир ҳасти фидояш шавӣ, ҳозир ҳастӣ барои он, ки он нафар ба орзуҳояш расад, аз орзуҳои худ даст кашӣ, аммо ишқ як бемории равонӣ аст. Вақте инсон ба ишқ мубтало мешавад, ки муҳаббати аз ҳад зиёд иброз шудааст, инсон дигар ақлашро гум мекунад . Ҳозир аст ба хатову гуноҳ даст занад,барои ҳамин ошиқонро маҷнун, яъне девона мегӯянд. Аммо касе, ки нисбати нафаре муҳаббат дорад, муҳаббаташро дар қалби худ пинҳон мекунад, ҳаргиз барои ибрози он муҳаббат обрӯи касеро намебарад. Ба хотири он, ки он нафар ба мақсадаш расад, ӯ барои анҷоми ҳар коре тайёр аст, инро мегӯянд муҳаббат ба Аллоҳ, ки онҳое, ки ба Аллоҳ муҳаббат доранд ва муҳаббати Худо дар қалби онҳост, ҳозиранд барои Худо ҷонашонро фидо кунанд. Касоне, ки нисбати нафаре муҳаббат дошта бошанд, хоҳ зан бошад, хоҳ мард ҳаргиз обрӯи ӯро намебаранд, ҳатто пас аз солҳо бошад ҳам, барои кӯмак кардан ҳозиранд, ҳаргиз касе аз забони онҳо намешунавад, ки ман ӯро дӯст медорам, гуфта сухани носазое гӯянд. Вале онҳое, ки мегӯянд ман ошиқам ба чӣ девонагиҳое даст намезананд, аз худкушӣ шурӯъ карда то бемориҳои равонӣ, бо дашном додани падару модар, занозанӣ бо духтар, ки ту бояд ҳамроҳи ман бошӣ. Ин ҳамон девонагӣ аст, ки тамоми равоншиносон мегӯянд, ки бояд муолиҷа шавад. Ҳатто Арасту файласуфи машҳур мегӯяд: » Ишқ ба қалби онҳое, ки бекор ҳастанд, онҳое, ки на пешравии саноатӣ, на пешравии тиҷоратӣ доранд ҷойгир мешавад. Қалби фориғи онҳоро пур карда, инсонро ба олами хаёлот мебарад, ҳамеша дар олами хаёлот зиндагӣ мекунад. «Инҳо инсонҳое ҳастанд, ки ман ошиқам гӯён соатҳо дар тафаккур ҳастанд, мусиқӣ гӯш мекунанд, соатҳо дар ба дар ҳастанду барои пешравии зиндагиашон коре намекунанд.
Ин бемории равонӣ аст, ки бояд муолиҷа шавад, аммо муҳаббат чизи дигар аст. Муҳаббати ҳақиқӣ онаст, ки ҳамон лаҳза аз паи хостгории духтар мешаванд ва обрӯи ӯро намебаранд, худ ва оилаашонро бо оилаи духтар муаррифӣ мекунанд. Аммо онҳое, ки худро ошиқи девона медонанд, ҳама ҷо аз паси духтар рафта, аксҳои духтарро паҳн мекунанд, боз даъвои ошиқ будан доранд. Духтарон бояд фарқ кунанд, ки нафаре, ки даъвои ошиқӣ дорад, дар ҳақиқат ошиқ аст ё булҳавасест, ки ҳар чанд муддате аз як нафар ба нафари дигар ошиқ мешавад. Булҳавасӣ аз ҳама хатарноктар аст, ки маҳз васвасаи шайтон мебошад, хоҳ зан бошад хоҳ мард бошад чунон бо номи ишқ ба васваса дучор мешаванд, ки ба ҳама ҳаримҳо ва ба ҳама гуноҳ даст мезананд. Ҳатто бо якдигар танҳо мондан, якҷоя гурехта рафтан, зино кардан, обрӯи ҳамдигарро бурдан, аз ин чизҳо даст намекашанд. Нафарони булҳавасро кулли мардум мешиносанд, ҳама медонанд, ки ин ҷавон аз як духтар ба духтари дигар интиқол меёбад, ё ин ки духтар бо чандин шоҳзодаи хаёлӣ барои худ пайдо карда буд. Мушкил инҷост, ки аз ақли худ кор намегирем, касе пеши роҳи чунин булҳавасро намегирад. Барои пешгирӣ аз хиёнатҳое, ки бо номи ишқ шурӯъ мешавад, сипас бо беномусиву зино меанҷомад, Худованд дар сураи Нур ояти 30 мегӯяд:
قل للمؤمنين يغضوا من أبصارهم
«Эй Паёмбар, ба мардони мӯъмин бигу, ки чашми худро аз назар кардан ба номаҳрпм нигоҳ доранд.
Худованд ҳатто назар кардан ба занҳои бегонаро манъмекунад, зеро муҳаббати бо хиёнат омехта бо як назар кардан, шурӯъ мешавад. Ва дар давоми оят Худованд мегӯяд:
و قل للمؤمنات يغضضن من أبصارهن
«Ва ба занони муъмина бигӯ, ки чашмҳои худро аз нигоҳ кардан ба номаҳрамон нигоҳ доранд.
Робитаҳои номашуъ бо нигоҳҳои гарм шуруъ мешавад баъдан мулоқот ва бо ҳамин хиёнату обрӯрезӣ омехта мешавад.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд: «Ҳаргиз бо зани номаҳрам танҳо нанишинед, зеро нафари сеюм шайтон мебошад.» (Сунани Тирмизи)
Инҷо вобаста ба мавзуи муддаи кунандаҳои ишқ саволе ба миён меояд
Оё, нафаре, ки ибрози ишқу муҳаббат мекунад, агар ишқаш ҳақиқат дошта бошад, обрӯи маъшуқаи худро мебарад? Ба ҳама мегӯяд, ки фалониро дӯст медорам, аммо ҳаргиз хостгор намефиристад. Аён аст, ки мақсади чунин инсон андешаи ҳаёти покизаи бардавом неву, балки гаразҳои шаҳвониву бадном сохтани духтарак, фахр кардан байни дӯстон, ки ин духтар маъшуқаи ман аст. Агар гӯяд, ки ин духтар арӯси ояндаи ман аст, ба ӯ хостгор фиристодам, ин дигар аст, аммо агар гӯяд, ки ин маҳбубаи ман аст, ба ҷуз обрӯрезӣ чизи дигар нест. Ҳама медонанд, ки робитаи номашруъи байни ҷавонон ба беобрӯ шудану зино мебарад ва касе ба ин духтар бо чашми инки ошиқ аст, наменигарад, робитаи номашрӯъро сабаби беобрӯ шудани аҳли оилааш медонанд. Мардро беномусе медонанд, ки аслан шарафи хоҳару модарро намедонад, ки ба хоҳару духтари мардум ин гуна муомила мекунад. Ягона ҳадисе барои ишқи пеш аз издивоҷ дар китоби ибни Моҷа омадааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:
لم نر للمتحابين مثل الزواج
«Ман ҳаргиз барои ду нафаре, ки ҳамдигарро дӯст медоранд, мисли издивоҷ чизи дигаре намебинам.
Вақте дар бораи асбоби вуруди ҳадис нигоҳ кунем, мебинем ки дар як вақт ду нафар хостгори як духтар мешаванд, якеаш хеле сарватманд буд, дигараш хеле фақир. Сипас падари духтар назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам омада, мегӯяд: » Паёмбари Худо, духтари маро ду нафар хостгорӣ доранд, яке хеле сарватманд дигарӣ фақир, духтарам фақирро интихоб кард, ман сарватмандро, шумо чӣ мегӯед? Сухани ман шавад ё духтарам?»
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин суханро мегӯянд:» Ман барои ду нафаре, ки ҳамдигарро дӯст медоранд, беҳтар аз издивоҷ чизе намебинам.
Агар ба ҳадис бингарем, инҷо сухан дар бораи бегона намеравад, сӯҳбат дар бораи хостгор аст. Аммо марде, ки хостгор намефиристад, худашро маълум намекунад, мехоҳад пинҳон бимонад ва бо ин ҳол даъвои ошиқ будан дорад, бояд духтарон донанд, ки чунин нафар як хоин аст. Ӯ фақат ҷисми духтарро мехоҳад ва вақте ба мақсади нопоки худ расад, дигар беному нишон гашта, парвои духтарро надорад. Хеҷ вақт як нафари ошиқ дӯстдоштаашро беобруву шарманда намекунад, розӣ намешавад, ки ба дӯстдоштааш зараре расад. Барои ҳамин филму қиссаҳои ошиқонаеро, ки мебинем, набояд ба эҳсосот дода шуд.
Ба доми фиреби чунин ашхос зиёдтар духтаракони ҷавон меафтанд ва чунин кор сабаби бепадар ба дунё омадани кӯдакон мешавад ва аз модар ҳам мемонанду дар ятимхона мемонанд, оилаҳо ҳамдигарро то куштан розӣ ҳастанд, аммо дигар коре карда намешавад.
Вақте дар бораи ишқи дурӯғин мешунавему филм мебинем, ҳаргиз аз худ намепурсем, ки ин оё рост аст ё дурӯғ? Хиёнат аст ё ҳақиқат?
Дар кутуби аҳодис қиссаи ҷолибе дар бораи дӯст доштани ду нафар ҳаст, ки номи яке Барира ва дигаре Муғис аст ва ин қисса дар саҳеҳи Бухорӣ ва дигар кутуби сунан низ ҳаст. Барира бо марде бо номи Муғис издивоҷ карда буд, вале ҳарду ғулом буданд. Сипас Барира озод мешавад ва аз шавҳараш Муғис ҷудо мешавад, Муғис ба ин ҷудоӣ тоб наоварда бо гиряву нола ба ҳар ҷо, ки Барира мерафт аз пасаш равон мешуд ва ба Барира мегуфт, ки дӯсташ медораду бо ӯ зиндагӣ кардан мехоҳад. Барира мегуфт, ки:» Бо ту зиндагӣ кардан намехоҳам».
Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам инро дида ба амуяшон Аббос мегӯянд: «Эй Аббос, оё ту ба муҳаббати Муғис ҳайрон намешави , ки чӣ қадар ҳамсари пешинаашро дӯст медорад? Ва бадбинии Барира, ки ҳаргиз намехоҳад бо шавҳараш дуюмбора зиндагӣ кунад. Сипас ҳазрати Аббос гуфтанд:» Эй Паёмбари Худо, мебинем, ки Муғис то ҳадде гиря мекунад, ки аз оби дида ришҳояш тар мешавад, биёед Шумо шафоаткунанда шавед ва ба Барира бигӯед, ки ба назди шавҳараш баргардад.»
Сипас, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам инро ба Барира мегӯянд, Барира ҷавоб дод ки: » Эй Паёмбари Худо, Шумо маро амр мекунед ёба ман ихтиёр медиҳед? Ё ин ки фақат шафоаткунандаи Муғис ҳастед? Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:» Ман туро амр намекунам, аз тарафи Муғис ҳамчун шафоаткунандаам. » Барира ҷавоб дод, ки: «Ман ӯро намехоҳам.» Паёмбар ӯро маҷбур намукунанд. Бубинед ин қиссаи ошиқонаи ду нафар аст, агар ба қисса аҳамият диҳем, мебинем, ки инҳо бо ҳам зиндагӣ карда буданд,зану шавҳар буданд, якдигарро аз наздик мешинохтанд. Ахлоқи якдигарро медонистанд ин ҷавон шавҳари пешинаи Барира буд медонист, ки мисли ӯ зани дигар пайдо карда наметавонад.
Аммо ҷавононе, ки ба як дидан даъвои ошиқӣ мекунанд, пас аз наздиктар бо духтар шинос шудану наздикӣ кардан мегӯянд, ки дигар ошиқи духтар нестанд. Аммо бо як бор дидан муҳаббат пайдо намешавад, муҳаббат замоне пайдо мешавад, ки ба ҷуз ҷисми инсон, ба ҷуз нигоҳи инсон, қалбҳо бо ҳамдигар бояд муносиб бошанд ва табиати ин ду нафар ба ҳамдигар рост ояд. Инсон замоне як нафарро бо тамоми ҳастӣ дӯст медорад, ки қалбҳои онҳо, ахлоқи онҳо, ҳадафҳои онҳо бо ҳам мувофиқ бошанд. Оё бо як бор дидан, вохӯрдан мешавад гуфт, ки ахлоқи ин ду бо ҳам муносиб асту метавонанд барои зиндагии оянда омода бошанд?
Пас, масъала хеле хатарнок аст, онҳое, ки иддао мекунанд, ки ба як дидан ошиқ шудам, бидонед, ки онҳо ошиқи ҷисм шудаанд ва касоне, ки ба ҷисму чеҳра ошиқ мешаванд, дар як муддати кӯтоҳ аз ин ҷисму чеҳра сер мешаванд. Духтарони булҳавасе низ ҳастанд, ки аз марди пулдоре ба пулдори дигар интиқол меёбанд, аз ҷавони обрӯманде ба обрӯманди дигар интиқол меёбанд, барои онки ҳадафи онҳо ҳамон сурати зебо ё обрӯ ё пулу моли дунёи дурӯза аст. Дар фикри он нестанд, ки оё бо ин шахс метавонанд ояндае дошта бошанд? Ҳадафи ӯ чист? Дар қалби ӯ чи асту ки аст? Ингуна саволҳо дар зеҳни онҳо ҳаргиз чарх намезанад, барои ҳамин ҳаргиз ба касоне, ки ба як дидан даъвои ошиқ шудан мекунанд, бовар накунед.
Агар ба омори талоқ назар андозем, мебинем, ки ҳаштод дарсади талоқҳо дар оилаҳое буданд, ки пеш аз издивоҷ ошиқи ҳам будаанд, бист дарсади боқимонда оилаҳое ҳастанд, ки бе ишқу ошиқӣ, вале бо ризогии ҳамдигар издивоҷ кардаанд.
Дар зиндагии ҳаррӯза ҳастанд оилаҳое, ки ҳар рӯз дар оила ҷангу ҷанҷол аст, ба ҳамдигар бовар надоранд, дар ҳоле, ки пеш аз издивоҷ ошиқи ҳамдигар буданд, аммо пас аз як сол шавҳар ошиқи зани дигар шудааст.
Вақте инсони муъмин як нафарро дӯст медорад, ӯро ба хотири ахлоқаш, табиаташ, ба хотири амалҳояш, рафтораш дӯст медорад, агар ба синни ҳафтод ҳам расад ӯро дӯст медорад. Барои онки бо гузашти умр ҷисму сурати ӯ тағйир ёбад ҳам, ахлоқи ӯ ва қалби ӯ тағйир намеёбад, чунон ки буд, боқӣ мемонад.
Муҳаббати онҳое, ки ба хотири ахлоқу дин бо ҳамдигар издивоҷ кардаанд, самимӣ ва ҳамешагист, баръакси онҳое ки барои ҷисму сурати ҳамдигар,барои молу обрӯи ҳамдигар ё барои ҳадафи дигаре издивоҷ кардаанд, вақте ҳадаф яктараф шуд, зебогиву обрӯ аз байн рафт, оила пароканда мешавад ва ояндаи хубе нахоҳанд дошт. Чунки сабаби издивоҷи онҳо чизҳое буд, ки аз байн рафт. Биёед як фикр кунем, ки он нафаре, ки иддаъои ошиқ будан дорад оё ӯ ба ахлоқи духтар,ба табиати ӯ,ба асли вуҷуди духтар,ки ҷавҳари ботинии ӯст ошиқ аст ё фақат ба сурату чеҳраи ӯ?
Оё дар шариат муҳаббат вуҷуд дорад? Яъне нафаре гуфт, ки дар бораи ахлоқи фалонӣ шунидам ё сураташро дидам ва якбора ӯро дӯст доштам, оё метавон гуфт, ки хато кардӣ, гунаҳкор шудӣ? Албатта чунин гуфта наметавонем. Вақте як инсон мегӯяд, ки қалбам ӯро дӯст дошт, ман худам нохоста, бехабару ногаҳон ошиқ шудам, ин кор кори қалб аст. Дар шариат барои коре, ки аз қалби инсон мегузарад, муохаза нест. Инсон барои корҳое, ки бо дасту ҷисми худ анҷом дод, барои онҳо муохаза мешавад, магар он чи, ки дар қалбаш аст, бармалову ошкор кунад ва ба корҳои гуноҳ даст занад. Барои ҳамин ояте дар охири сураи Бақара ҳаст, ки Худованд мефармояд:
ربنا و لا تحملنا ما لا طاقة لنا به
Парвардигоро, ҳаргиз моро болотар аз тавонамон муохаза накун.
Инҷо ҳадисе дар Абудовуд омадааст, ки модарамон Оиша разияллоху анҳо мегӯянд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам байни занони худ адл мекарданд, ба ҳама баробар нафақа мекарданд, шабҳояшон баробар байни занҳояшон ва ҳатто сафарҳояшон, ки бо кадом занашон бояд раванд, ҳамааш аз рӯи адл буд, вале бо вуҷуди ин мегуфтанд:
اللهم هذا قسمي فيما أملك،فلا تلمني فيما تملك ولا أملك
«Парвардигоро, ин тақсимоте, ки ман байни ҳамсаронам мекунам, ин корест, ки дар дасти ман аст, аммо ончӣ, ки дар дасти ту аст, ки он қалби манаст, дар ин бора маро маломат макун.«
Тамоми уламо иттифоқ доранд, ки то замоне, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам зинда буданд, албатта пас аз вафоти ҳазрати Хадиҷа, дӯстдоштатарин зани паёмбар Оиша разияллоху анҳо буданд. Чаро Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дигар занҳоро не, Оишаро дӯст медоштанд, ҳамин ҳадис баён мекунад, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд, ки ин дар дасти ман нест. Қалбе, ки аз байни занҳояшон Оишаро интихоб кард, мегӯянд ки дар дасти ман нест.
Дар Қуръони Карим дар Сураи Нисо ояти 129 Худованд мегӯяд:
و لن تستطيعوا أن تعدلوا بين النساء و لو حرصتم
Шумо ҳарчанд кушиш кунед ҳам ҳаргиз байни занҳоятон адл карда наметавонед.
Дар тафсири он оят уламо мегӯянд ин оят дар бораи адл кардан дар муҳаббат аст, мард ҳаргиз ду нафарро баробар дӯст дошта наметавонад, барои он ки қалби ӯ дар дасташ нест. Аммо метавонад зоҳиран бо забонаш ба ду нафар ибрози муҳаббат кунад, вале марду бисёрзана фарз аст, ки дар муҳаё сохтани шароити моддӣ байни ҳамсаронаш адл кунад.
Пас ҳар нафаре ки ошиқ шудас, фалониро дуст медорам гуён бидуни хилават кардану муносибатҳои номашруъ ба хонаи дустдоштааш хостгор равон мекунад, дар ин ҳол наметавонем бигӯем, ки ин гуноҳ аст ва набояд ошиқ мешуд, зеро еасеро дуст доштан кори қалб аст. Модоме, ки инсон ба зино нарафт, ба фаҳшо нарафт, муртакиби гуноҳони кабира нашуд, ҳаргиз барои кори дилаш маломат намешавад, чунки кори дил дар дасти худаш нест. Аммо бо ӯ вохӯрдан, сӯҳбатҳои пинҳонӣ кардан, акс равон кардану акс қабул кардан, бо ҳар баҳонае бо ҳамдигар рӯ ба рӯ хилват нишастан, ҳамаи ин дар дасти ӯст, ва инҳр ҳама гуноҳу расвои ба бор меоваранд
Дар охир ҷавононе, ки бо духтарон робитаи номашруъи пинҳонӣ доред, оё розӣ мешавед, ки нафаре бо хоҳари ошумо чунин рафтор кунад? Ҳаргиз намехоҳед, чунки ин беобрӯи аст.
Инчунин хоҳарони азиз духтарон бояд шуҷоъву боҳуш бошанд, аз таҳдиди касе наҳаросанд ва ба ҳар касе бовар накунанд. Байни булҳавасӣ ва ишқ, фарқи бузург аст, инро бояд дарк кард. Хоҳарони азиз нагузоред, ки бо обрӯи шумо номарде бозӣ кунад, шуморо бо ваъдаҳои хушк зери балову таънаву надомат барад.
Ошиқи ҳақиқӣ онест, ки мардонавор омада дасти духтарро аз падараш мепурсад, оилаашро бо оилаи духтар шинос мекунад, на ин ки дар кӯчаҳо вохӯрда сӯҳбат мекунад, на хонаашро медонӣ ва на хонаатро медонад. Ин намуд инсонҳо ба ғайр аз резондани обрӯи духтар чизи дигар намехоҳанд.